Дар Хоруғ маркази хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 31 -солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Маркази хизматрасонӣ бо мақсади густариши шабакаи хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба муштариён фароҳам овардани шароити қулай барои истифодаи хизматҳои муосири молиявӣ таъсис дода шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ таъкид гардид, ки таъсиси чунин марказҳо қадаме муҳим дар самти рушди низоми бонкии кишвар, дастгирии соҳибкорон, рушди иқтисоди вилоят ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ маҳсуб меёбад. Зеро он имкониятҳои нави хизматрасонии молиявиро барои аҳолӣ ва соҳибкорони шаҳр фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки рушди инфрасохтори бонкӣ ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои муосир яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодии маҳаллӣ мебошад.
Бо ифтитоҳи маркази нав, сокинони шаҳри Хоруғ метавонанд аз тамоми навъи хизматрасониҳои муосири бонкӣ, аз ҷумла гирифтани қарзҳои инфиродӣ ва тиҷоратӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии онлайн ва интиқоли маблағҳо истифода баранд.
Бояд гуфт, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар солҳои оянда шабакаи хизматрасонии худро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ намуда, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва молия саҳми назаррас мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид






