Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешҳвад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аз ҷумла, нахустин маротиба дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва дар ҳамкорӣ бо табибони маҳаллӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба беморон амалҳои бартараф намудани чурраҳои девори пеши шикам, чурраҳои қадкашак бо гузоштани тури синтетикӣ, композитикӣ ва экстирпатсияи бачадон бо тарзи лапароскопӣ анҷом дода шуданд.
Тавре масъулини Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, қаблан гирифторони чунин бемориҳо дар шаҳр ба таври анъанавӣ, яъне кушода ва бо тариқи буриши ҷисми бемор ҷарроҳӣ мешуданд, ки ин ҳолат муҳлати табобат ва барқароршавии саломатии беморонро зиёд мегардонид.
Ба назари мутахассисони соҳа, бо истифода аз иҷрои амали нави ҷарроҳӣ давраи барқароршавии беморон аз як ҳафта то ба як шабонарӯз кутоҳ мегардад. Яъне, беморон агар пештар ба таври анъанавӣ ҷарроҳӣ шуда, 6-7 рӯз дар беморхона бистарӣ мегаштанд, пас аз иҷрои амалҳои миниивазивӣ баъди як шабонарӯз ба хона рухсат дода мешаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






