Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади густариши ҳамкории илмӣ мулоқот доир шуд

Ноябрь 17, 2025 15:55

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии олимон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.

Вохӯрӣ бо мақсади ҷалби олимон ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, баррасии мушкилот ва имконияти рушд дар соҳаҳои гуногуни ноҳия, истифодаи донишу таҷрибаи олимон барои ҳалли масъалаҳою мушкилоти ҷойдошта ва густариши ҳамкории ҷомеа бо олимон гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ саҳми олимон дар рушду пешрафти ҷомеа муҳим буда, истифодаи дониш ва таҷрибаи онҳо метавонад баҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва фарҳангии ноҳия мусоидат намояд.

Тазаккур дода шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки нақши олимону зиёиён дар рушди ҷомеа ниҳоят муҳим аст. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо баён доштанд, ки «зиёиён — неруи бузурге ҳастанд, ки метавонанд дар рушду пешрафти мамлакат хизмат кунанд».

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулини сохторҳои гуногун дастовардҳои солҳои охири ноҳияро муаррифӣ намуда, ҳамзамон мушкилоти ҷойдоштаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумлаи  маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо ба миён гузоштанд.

Иштирокчиён барои ҳалли ин масъалаҳо таклифҳои муфид пешниҳод намуданд.

Иброз гардид, ки барои густариши ҳамкории илмӣ ва ҷалби бештари олимон ба рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шурои олимон таъсис дода мешавад. Ин сохтор минбаре барои муаррифии пешниҳоди ҳалли мушкилот ва тақвияти ҳамкории илмӣ мегардад.

Дар анҷоми мулоқот ба як зумра олимон барои саҳми арзанда дар фаъолияти илмӣ ва дастгирии ташаббусҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

         АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Ноябрь 17, 2025 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид