Дар ноҳияи Ёвон «Чойхонаи собиқадорон» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Дар доираи ин вохӯрӣ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва дастгирии шахсони саховатманд «Чойхонаи собиқадорон» ба истифода дода шуд.
Раиси ноҳия Икромиддин Вализода собиқадоронро бо ифтитоҳи «Чойхонаи собиқадорон», ки ба як гӯшаи зебо, обод ва фароғатбахш табдил ёфтааст, табрик гуфт.
«Ин иқдоми неку шоиста дар партави сиёсати иҷтимоиву инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст, ки ҳамеша нисбат ба собиқадорон ва пиронсолон ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд»,-афзуд Икромиддин Вализода .
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки собиқадорон ва пирони рӯзгордида ганҷинаи маънавии миллат буда, таҷрибаи ғанӣ ва хиради зиндагии онҳо барои насли ҷавон манбаи сабақи зиндагӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан мебошад. Аз ин лиҳоз, муҳайё намудани чунин марказҳои фароғатӣ ифодаи эҳтиром ва сипоси ҷомеа ба заҳмату хизматҳои тӯлонии онҳо аст.
«Чойхонаи собиқадорон» на танҳо макони истироҳат, балки ҷойи мулоқоту табрикот, вохӯриҳои дӯстона ва дидори самимонаи собиқадорон хоҳад буд.
Собиқадорон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро водор месозад, то дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат, тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






