Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар мамлакат 19 ҳазору 257 нафар ҳунармандон фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли навъҳои гуногуни маснуоти ҳунармандӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, ба роҳ мондани анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии мардуми тоҷик, ҷалб ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021- 2025» амал мекунад.
Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 тасдиқ гардида, дар раванди амалисозии он ба роҳ мондани ҳамкории васеи тарафҳои манфиатдор барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд пешбинӣ гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият менамуд, ки имрӯз шумораи онҳо ба беш аз 19 ҳазор расидааст.
Бояд гуфт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ташаккули бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад. Аз ин рӯ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандон тавассути мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз соли 2019 инҷониб давра ба давра дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ифтитоҳ гардиданд, ба харидорон пешниҳод карда мешавад.
Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунармандон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз пардохти ҳама намуди андозҳо озод намудани ҳунармандон барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасманд намудани косибон заминаи мусоид фароҳам овард.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018), Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), Солҳои рушди саноат (2022-2026), инчунин қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъсиси гранти президентӣ дар ин самт натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






