Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаи барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз баррасӣ гардид

Ноябрь 1, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.

Иброз гардид, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз» ин таҷрибаи нахустин дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Қонуни мазкур баробарии ҳамаи инсонҳоро новобаста аз ҷинс, миллат, нажод, дин, забон, ақидаи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ё дигар аломатҳо дар назди қонун кафолат медиҳад ва механизмҳои ҳимоя ва муроҷиати шаҳрвандонро муайян менамояд. Бо татбиқи ин қонун муносибати дустонаи байни қавму миллатҳо, эҳтироми ҳамдигарӣ, гурўҳҳои иҷтимоӣ ва динҳо таҳким меёбад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Дар ҳамоиши мазкур муҳтавои ҳар як бобу моддаи қонуни мазкур ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, байни онҳо мубодилаи афкор доир гардид.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид