ЭҲТИРОМ БА ПАРЧАМ- ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҷамъомад доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон яке аз миллатҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор мераванд. Дар ин замина метавон аз таърихи пурифтихори парафшони парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошанд, ёдовар шуд. Чунин иброз гардид зимни ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.
Иброз гардид, ки гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардию тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он рамзи давлати неруманд ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон ливои Коваи бузургро ба хотир овард, ки нишонаи равшани муборизаю ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Аз ин лиҳоз ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба онҳое мебошад, ки давоми таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расониданд.
Иброз гардид, ки тибқи осори таърихӣ, достонҳои куҳан ва ривоятҳои асотирӣ, гузаштагони мо ҳанӯз 4000 сол пеш соҳиби парчам будаанд, ки дар адабиёти қадимаи мо бо номи дирафш ёд мешавад. Дирафши Ковиёнӣ нахустин парчамест, ки дар ривоёти асотирӣ, порчаҳои манзуми паҳлавӣ ва достонҳои адабиёти классикӣ, хусусан асари безаволи Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» аз он борҳо ёд шудааст.
Парчами давлатии Тоҷикистон дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассуми гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат мебошад. Он дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






