Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар

Ноябрь 12, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо гузашти 34 сол таърихи навини давлатдории тоҷикон исбот намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қавлу нияти неки худ содиқ мебошанд. Халқи Тоҷикистон, алалхусус ҷавонону наврасон ҳамеша заҳматҳои беназир, шабзиндадориҳо ба хотири эҳёи давлатдорӣ, талошҳо барои таҳкими сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, обрӯ ва манзалати бештар пайдо кардани Ватани азизро дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, ки аз рисолати азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст, пос медоранд ва онро дар қалбашон ҳамеша бо муҳаббати бепоён мепарваранд. Чунин ибрози назар намудааст Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Президент.

— Дар наҷот ва рушди давлату миллатҳо ва ҳатто башарият нақши шахсиятҳои таърихӣ, сиёсатмадорони барҷастаи олам хеле зиёд аст ва яке аз ин абармардони сиёсатро дар симои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон арзёбӣ намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистони нав ба истиқлолият расидаро дар шароите бар дӯш гирифтанд, ки давлатро вазъи мураккаби сиёсӣ фарогир буда, ба он ҳар лаҳза хатари нестшавӣ таҳдид мекард. Дар ин марҳилаи душвори таърихӣ барои миллати тоҷик нафаре зарур буд, ки худро фидо созаду мардумро сарҷамъ намояд. Хушбахтона, Офаридгор барои наҷоти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун нури хуршедӣ роҳнамоӣ кард ва ин абармарди сиёсат ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш, суботу амниятро пойдор ва Тоҷикистонро аз нестшавӣ наҷот доданд.

Ба андешаи коршиносону таҳлилгарон, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 9 сентябри соли 1991 рост меояд, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва бунёди рукнҳои давлатдории муосирро пеш гузошт.

Мутаассифона, дар нахустин қадамҳои Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон доираҳои муайяни манфиатхоҳ бо кумаки қудратҳои хориҷӣ  бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.

Дар ин лаҳзаҳои мураккаби таърихӣ ва авҷи буҳрони сиёсӣ барои миллати тоҷик нафаре зарур буд, ки худро фидо созаду халқро сарҷамъ. Хушбахтона, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  Иҷлосияи  16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки шахси абарқудрат ва дӯстдори халқу Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои халқи худ гардида, бо ақлу хиради азалияшон тавонистанд миллату давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшида, ба сӯи рушду пешрафт равона намоянд.

Баён менамоем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои нахустини роҳбарӣ ба муқобили зӯроварӣ баромада, ягона роҳи таъмини суботу амният ва расидан ба Ваҳдати миллиро дар бахшиши якдигар ва дасти дӯстиву бародарӣ боло кардани мардуми шарифи мамлакат арзёбӣ намуда, ба гурӯҳҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли моҷарои сиёсиро пешниҳод намуданд.

Фаромӯш намегардад, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои миллати тоҷик, ки ба давлат ҳар лаҳза нестшавӣ таҳдид мекард, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳҳои мухолифин музокираҳоро оғоз бахшида, пайваста барои эҳё ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини Ваҳдати миллӣ баёни андеша намуданд ва сарҷамъию муттаҳидиро барои ҳар фарди худшиносу худогоҳ номуси ватандорӣ медонистанд. Ҳамин  ҷасорату фидокориҳои  Сарвари давлат буданд, ки бо баргузории 8 давраи музокира бо мухолифин ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гардид.

Бо таъмини суботу амният ва ваҳдати миллӣ  Роҳбари давлат ҷиҳати беҳтаргардонии ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди саноатро ҳадафҳои афзалиятнок барои мамлакат эълон намуда, сиёсати дарҳои бозро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба роҳ монданд. Ҳамзамон бахши хусусӣ ва дастгирӣ намудани соҳибкорони ватаниро аз мақсадҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзёбӣ намуданд.

Пеш гирифтани сиёсати мувофиқ ва дипломатияи муваффақонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 34 соли Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки  имрӯз фазои қонунгузорӣ, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат таъмин гардида, ҳаёти иҷтимоии мардум беҳтар гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати демократӣ ва пешрафта аз лиҳози рушди иқтисоду тиҷорат, соҳибкорию сармоягузорӣ ва гидроэнергетикаю саноат шинохта мешавад.

Воқеан, нақши шахсиятҳои давлатсозу давлатмеҳвар дар симои воқеии абармарди таърих муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар эҳёи дубора ва соҳибӣ кардани давлати миллӣ бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле зиёд аст.

Зеро ба таъкиди коршиносон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳар фарди худогоҳи Ватан дар марҳилаи нави давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҳёи давлати миллӣ нақш, мақом ва манзалати фарзанди халқ, фидокору матинирода, ростқавлу сарсупурда ва заҳматпешаву худогоҳ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихӣ дорад, чун саҳми беназири Пешвои миллат дар эҳё ва ташаккули дубораи давлатдорӣ ва давлатсозӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ, эҳёи расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳақиқати бебаҳс аст.

Ибораҳои таърихии ибрознамудаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад, ҷон медиҳам», «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард», ки аз умқи қалби бомуҳаббати як фарзанди огоҳ фаввора зада, ба забон оварда шуданд, ба ҳамагон тавону қуввати тоза бахшид ва барои анҷом додани рисолати давлатсозӣ замина гузошт. Дар ин ибороти софу сода, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо ихлосу муҳаббат ва бо имону эътиқод садо доданд, як ҷаҳон маънӣ ва калиди кушоиши ҳама уқдаву мушкилот нуҳуфта буд.

Бо ҳидояти хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба масъалаи арзишҳои аслии башарӣ ва бо ҳадафи демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави мамлакат асос гузошт.

Метавон гуфт, ки ин абармарди таърих- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давраи бунёдкорию созандагӣ равона намуда, волоияти қонун ва суботи комили сиёсиро дар мамлакат таъмин намуданд.  Ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ шинохта  шуда, бо афзалият додани соҳаҳои саноату энергетика, амнияти озуқаворӣ, коммуникатсия, таҳкимбахшии илму маориф, рӯ овардан ба иқтисоди “сабз” ва дастгирии пайвастаи онҳо ба ҳадафҳои рушди устувори худ ноил мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 12, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ