Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд

Ноябрь 8, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз вилояти Суғд 39 нафар занони фаъол бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ соҳиби гранти президентӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар вилоят 288 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла 108 маркази атласу адрасбофӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо беш аз 30 ҳазор занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ машғуланд.

Ёдовар мешавем, ки маҳз бо дастгириҳои Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод. Инак соли 2025 маблағи грантҳо ба 15 миллион сомонӣ расонида мешавад.

Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 8, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид