Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастгирии соҳибкории хурд ва миёна, хусусан дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо: роҳҳо ва василаҳои ҳавасмандсозии онҳо аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорони пешқадам ва коршиносони соҳаи иқтисод паҳлуҳои гуногуни тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёнаро дар маҳалҳо баррасӣ намуданд. Ҳамзамон таваҷҷуҳ ба бахшҳои истеҳсолӣ, ки меҳвари асосии рушди иқтисоди маҳаллӣ ва боло рафтани сатҳи шуғли аҳолӣ мебошанд, яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Шукуҳиддин Субҳиддинзод иброз намуд, ки рушди соҳибкории хурду миёна омили муҳим дар таъсиси ҷойи кор, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ мебошад.
Аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардид, ки дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, барномаҳои маблағгузории давлатӣ ва фонди махсуси дастгирии истеҳсолот васеъ карда шавад. Тавсия дода шуд, ки тартиби пешниҳоди қарзҳо сода гардонида шуда, барои соҳибкории истеҳсолӣ шартҳои мусоидтар фароҳам оварда шаванд.
Иброз гардид, ки кам кардани расмиёти иҷозатдиҳӣ, рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва шаффофсозии раванди бақайдгирии соҳибкорон метавонад ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мусоидат намояд. Ташкилоти ҷамъиятӣ қобилият доранд, ки омӯзиш ва машваратҳои ройгон, мониторинги мушкилоти маҳаллӣ ва пешниҳодҳои таҳлилӣ пешниҳод намоянд.
Зарурати эҷоди барномаҳои махсуси омӯзишӣ ва дастгирии грантӣ барои баланд бардоштани иштироки занон ва ҷавонон дар фаъолияти соҳибкорӣ имрӯз хеле зиёд аст.
Пешниҳод гардид, ки барои баланд бардоштани талаботи бозор ба маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ намоишгоҳҳои соҳавӣ, бақайдгирии брендҳои маҳаллӣ ва ташкили шабакаҳои логистикӣ инкишоф дода шаванд. Инчунин дар ноҳияҳо марказҳои дастгирии соҳибкорӣ бо хизматрасониҳои комплексӣ таъсис дода шуда, барномаи рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар маҳалҳо бо назардошти имконияту захираҳои маҳаллӣ таҳия карда шавад.
Аъзои Шурои ҷамъиятӣ таъкид доштанд, ки чунин мулоқоту гуфтугӯҳои созанда бояд минбаъд низ идома ёбанд, зеро барои таҳкими иқтидору имконияти соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон заминаи мустаҳкам мегузоранд.
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






