Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 04.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳарорати моҳи ноябри соли равон чун ҳавои моҳи ноябри соли 2024 1 дараҷа баланд дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ҳаво то 12 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 7 дараҷа гарм мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо то 12 ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар нимаи аввали моҳ дар водиҳо шабона то 8 ва рӯзона аз 15 то 23 дарҷа гарм мешавад. Инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона аз 5 то 18 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар давоми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 5 ва рӯзона то 10 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона аз 8+13 то 2+7° гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ шудаст. Чангу ғубор ба амал меояд.
Моҳи ноябр дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 7+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Давоми моҳ дар водиҳо шабона то 7 ва рӯзона то 13 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин дар охири моҳ пастшавии ҳарорат дар назар буда, шабона 0+5, рӯзона аз 12+17 то 5+10 дараҷа гармӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0-5 то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 6+11 гарм то 3 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво то 1+6 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона аз 3 то 10 дараҷа хунук, рӯзона аз 14 дараҷа гарм то 2 дараҷа хунук дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд дар назар дошта шудааст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи ноябр ҳаво 8-11 дараҷа хунук мешавад. Давоми моҳ ҳаво шабона аз 9 то 20 дараҷа хунук, рӯзона то 5 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Микдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар дар назар дошта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






