Музаффар Ашуриён: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад»

Ноябрь 4, 2025 17:22

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Чунин изҳор намуд имрӯз Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимни баргузории Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун.

Вазири адлия изҳор намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Бо назардошти ин воқеият, мазмун, моҳият ва истифодаи қонунҳо, инчунин фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муайян карда шудааст.

«Конститутсия ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ — ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард. Сиву як соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид»,- афзуд Музаффар Ашуриён.

Бояд гуфт, ки форум бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳияи тавсияҳои мушаххас ва таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун доир гардид.

Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳким бахшидани қонунгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода изҳор дошт, ки «яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ, ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санади олӣ бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардида, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд».

Ба гуфтаи Зариф Ализода, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои Маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиш қарор гирифта шуда, муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.

«Таъмини волоияти қонун яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб рафта, бо назардошти таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ислоҳоти ҳуқуқиро дар ҷомеа тақозо менамояд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кафили эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мо, ҳамаи комёбиҳо дар ҷодаи таҳкими волоияти қонун аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд»,- тазаккур дод Зариф Ализода.

Таъкид гардид, ки бо мақсади амалисозии меъёрҳои Конститутсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегия, консепсияву нақшаи чорабиниҳо ва санадҳои дигари муҳимми давлатӣ кабул гардида, баҳри амалисозии ҳадафҳои рушди давлат, эъмори ҷомеаи ҳуқубунёд ва адолатпарвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва таҳким бахшидан ба ҳавасмандгардонии ҳимояи ҳуқуқи инсон равона карда шудаанд. Ҳамзамон масъалаҳои таъмини идоракунии демократӣ дар мамлакат, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва вусъатдиҳии имкониятҳои инсон аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.

Дар ҷараёни форум масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ, сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешвем, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор шуд.

Дар Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, вазоратҳои адлияи давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2025 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад
Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» оғоз гардид
Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия дар мавзуи рушди саноатикунонии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мешавад
Дар ноҳияи Ёвон «Чойхонаи собиқадорон» ифтитоҳ ёфт
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсоз шиносномаи давлату миллат аст