Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи сиёсию идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ на танҳо таърихӣ, балки стратегӣ мебошад. Сарвари давлат тавонистанд дар шароити душвори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки низоми идоракунии муайян дақиқ набуда, пояҳои сиёсию маъмурӣ заиф гардида буданд, модели миллии идоракунии давлатро бо такя ба арзишҳои миллӣ, анъанаҳои давлатдорӣ ва меъёрҳои умумибашарӣ бунёд созанд.
-Дар шароити ноустувори солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, вақте ки таҳдидҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавҷуд буданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи нави давлатсозии миллӣ ворид гардид. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо давлатсозӣ ҳамчун раванди ташаккули низоми сиёсӣ, маъмурӣ ва иҷтимоии мустақил, ки ба манфиатҳои миллӣ такя мекунад, хусусияти воқеан созанда ва устувор пайдо намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал бо андешаи амиқи стратегӣ, ҷаҳонбинии давлатдорӣ ва иродаи устувор тавонистанд пояҳои давлатдории муосири тоҷиконро бар асоси принсипҳои адолат, қонунмандӣ ва ҳамбастагии миллӣ устувор намоянд. Аз ин дидгоҳ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди давлатсозӣ на танҳо дар таъмини ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ, балки дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст, таҷассум ёфтааст.
Идоракунии давлатӣ ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ на танҳо воситаи амалӣ намудани ҳокимияти сиёсӣ, балки низоми ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ мебошад. Маҳз зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон аз як сохтори анъанавии идорӣ ба низоми муосир, илмӣ ва самараноки идоракунӣ табдил ёфт. Дар он принсипҳои масъулиятнокӣ ва шаффофият мавқеи марказӣ пайдо карданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо инобати раванди зудтағйирёбанда, мураккаб ва рақобатҳои шадиди иқтисодию сиёсӣ зарурати гузариш аз усулҳои анъанавии идоракунӣ ба модели инноватсионии давлатдории муосир ҷорӣ карда шуда, сиёсати ислоҳоти маъмурӣ, баланд бардоштани иқтидори идорӣ ва касбияти хизматчиёни давлатӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардид. Маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати пурбор буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист давоми зиёда аз се даҳсола низоми идоракунии мукаммали муосирро дар асоси давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои мардум ва таъмини рушди устувор ташаккул диҳад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 22.04.2002 иброз намуданд, ки «хизмати давлатии навини Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият мебошад, ки дар шароити басе ногувори таърихи миллат оғоз гардида, марҳила ба марҳила нумуъ ёфт». Бешак, ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври густурда ба шахсияти сиёсию давлатмеҳвар- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад.
Ҷойи ёдоварист, ки раванди танзими низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз чанд марҳалаи мураккаби таърихӣ гузаштааст, ки ҳар кадом дорои хусусият ва аҳаммияти муайян мебошад.
Марҳалаи якум- ин барқарорсозии пояҳои давлатдорӣ ва устуворсозии сохтори ҳокимият мебошад, ки солҳои 1992-2005-ро дар бар мегирад. Дар ин давра вазифаи асосӣ аз эҳё ва ҳифзи ҳамаҷонибаи низоми идоракунии давлатдории миллӣ иборат буд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои муқтадир намудани идораи давлатӣ дар радифи вазифаҳои муҳим тадбирҳои мушаххасро барои ислоҳоти идоракунии давлатӣ рӯи кор гирифтанд. Дар ин давра Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иқдоми сиёсӣ ва ташкилотиро ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарорсозии сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини амният ва барқарор намудани иқтисодиёт равона намуда буданд. Маҳз бо қабули Конститутсия дар соли 1994 қадамҳои устувор вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ гузошта шуданд. 13 ноябри соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул гардид, ки дар ташаккули хизмати давлатии муосири Тоҷикистон заминаи муҳимму устувор гузошт. 25 январи соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ таъсис ёфт.
Марҳалаи дуюмро такмили сохтори идоракунии давлатӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ ташкил дод, ки солҳои 2000–2015-ро дар бар мегирад. Дар ин давра сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили низоми самараноки идоракунӣ, танзими муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии идораҳои иҷроия ва боло бурдани сифати хизматрасонии давлатӣ равона гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «…сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносию ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама, ба манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ равона карда мешавад».
Дар ин давра якчанд консепсияю стратегия ва барномаҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, давра ба давра амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, аз 15 марти соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар заминаи ин стратегия қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон» тасдиқ гардид. 5 марти соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» такмил дода шуда, дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳамзамон аз 31 августи соли 2007 Барномаи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ин давра барои идомаи ин тадбирҳо соли 2008 Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2009 Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тасдиқ карда шуд.
Соли 2013 бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Инчунин Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Уфуқҳои истиқлол» вобаста ба муҳиммияти таъсиси Донишкадаи идоракунии давлатӣ таъкид намудаанд, ки «ин муассиса дар мамлакат таҷрибаи нав буда, дар он кадрҳои роҳбарикунандаи оянда омода карда мешаванд. Бо донишҷӯёни ин муассиса на танҳо усулҳои муосири роҳбарӣ, балки азбар кардани технологияи иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дигари замонавӣ омӯзонида мешаванд». Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи рӯзафзун буд, ки соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи идоракунии давлатӣ ба Академияи идоракунии давлатӣ табдил дода шуд, ки қадами муҳимми дигар дар самти касбигардонии хизматчиёни давлатист.
Дар маҷмуъ дар ин давра дар робита ба рушди идораи давлатӣ, таҳким бахшидани иқтидори кадрӣ ва мустаҳкам намудани самаранокии хизматчиёни давлатӣ зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ ва ба роҳ монда шуд. Чуноне Сарвари давлат дар китоби «Уфуқҳои истиқлол» таъкид менамоянд: «Натиҷагирӣ аз раванди ислоҳот дар ин самт собит месозад, ки мо дар омӯзиши таҷрибаи ватанию ҷаҳонии хизмати давлатӣ ҳадафу мақсадҳои саҳеҳу муассирро пеша намудаем. Маҷмуи тадбирҳои тарҳрезишуда барои ташкили хизмати давлатии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мустаҳкам фароҳам меорад».
Марҳалаи сеюм ба ислоҳоти маъмурӣ ва гузариш ба идоракунии инноватсионӣ равона гардид, ки шуруъ аз соли 2015 то ҳол идома дорад. Дар шароити афзоиши талаботи ҷомеа ва мураккаб гардидани равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ Сарвари давлат зарурати таҳкими самаранокии идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматчиёни давлатиро борҳо таъкид намуданд. Маҳз дар заминаи таъкидҳои Пешвои миллат дар ин давра якчанд тадбир бо мақсади ташаккули модели муосири идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардид. Аз ҷумла, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, таҳкими назорат ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ равона шудаанд. Чуноне дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” омадааст: «Ҳадафи такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ амалисозии самараноки вазифаҳои давлат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии муваффақонаи мамлакат маҳсуб мешавад». Дар ин замина бояд таъкид намуд, ки дар айни ҳол рушди устувори мамлакат, пеш аз ҳама, ба фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатӣ вобаста буда, бо истифодаи оқилонаи усулҳои мустақим ва ғайримустақими танзими равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ асос меёбад.
Дар заминаи амалишавии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” имрӯзҳо барои самаранок намудани хизмати давлатӣ, таҳияи барномаҳои нав дар самти соҳибихтисос намудани кадрҳои хизмати давлатӣ, ҷалби занон, электронӣ намудани низом, такмили фаъолият, ташаккули иқтидор ва дигар самтҳои идораи давлатӣ чораҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми идоракунии давлатӣ се самти калидиро фаро мегирад:
- Сохтани пояҳои институтсионалии давлат. Ташкили мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бо сохтори устувор ва принсипи тақсимоти ҳокимият, ки заминаи асосии бунёди низоми идоракунии давлатиро фароҳам овард.
- Ислоҳоти маъмурӣ ва таҳкими идоракунии самаранок. Ин ислоҳот сабаби оптималӣ гардонидани раванди қабули қарорҳо ва баланд бардоштани шаффофият гардид.
- Тарбия ва рушди кадрҳои касбӣ ва роҳбарони ҷавон. Ҳадафаи мазкур ҳамчун омили асосии идомаи сиёсати давлатдорӣ ба устувор сохтани идоракунии давлатӣ мусоидат намуд.
Хулоса, низоми муосири идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст, имрӯз на танҳо ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ аст, балки хусусияти миллии давлатдории тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии давлатӣ на танҳо воситаи маъмурист, балки падидаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, дар асоси андешаи миллии давлатдорӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат амал мекунад. Таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт, ки бар пояи сиёсатҳои хирадмандона, устувории сиёсӣ ва таҳкими қонуният қарор дорад, имрӯз метавонад ҳамчун намунаи муваффақи идоракунии стратегӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд хизмат кунад.
Метавон гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, бунёдгузори низоми муосири идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Сиёсати идоракунии Сарвари давлатро метавон бо тамоми нишонаҳои модели миллии давлатдории устувор ва пешрафта тавсиф намуд. Ин таҷриба на танҳо заминаи устувории сиёсӣ ва рушди миллӣ аст, балки барои наслҳои оянда ҳамчун мактаби давлатсозӣ арзиши таърихӣ дорад.
Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МЕЪМОРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
16 НОЯБР- РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодири сиёсӣ ва меъмори сулҳу субот дар давлати навини тоҷикон мебошанд
Баҳри пешгирии гепатити вируси «А» чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ зарур аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Эмомалӣ Раҳмон -абармарде, ки бо матонат, шуҷоат ва нангу номус давлату миллатро наҷот бахшиданд»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Чаро солҳои охир гирифторони ин беморӣ бештар шудаанд?
Пешвои миллат -рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст
ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!






