Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шуро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдӣ дар Москва иштирок намуд

Ноябрь 24, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва ҷаласаи XIII Шуро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он директори Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Афзалшоҳ Зарифзода иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар кори ҷаласа ҳайатҳои расмии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарони академияҳои илмҳо ва муассисаҳои бонуфузи илмии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои асосии рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи илм баррасӣ шуданд. Аъзои Шуро ҳисоботро оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблӣ шунида, инчунин тадбирҳои густариши ҳамгироии илмӣ ва тавсеаи таҳқиқоти муштараки бунёдиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷониби Шуро тарҳи Стратегияи рушди илм дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таъсиси шабакаи марказҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси муассисаҳои пешсафи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омодасозии тарҳи Барномаи байнидавлатии таҳқиқоти бунёдӣ, таъсиси маҷаллаи нави илмии байнидавлатии «Илми ИДМ» ва дигар ташаббусҳо дастгирӣ ва тасдиқ гардиданд.

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар муҳокимаи масъалаҳои рушди кадрҳои илмӣ, такмили инфрасохтори таҳқиқотӣ ва тавсеаи барномаҳои ҳамгироӣ фаъолона иштирок намуд. Иброз гардид, ки дар соҳаи омодасозии мутахассисони илмҳои физикаю техника Институти физикаю техника ҳамчун созмони пойгоҳии эътирофшуда дар минтақа нақши муҳим бозида, дорои имконияти бузурги илмӣ-таълимӣ мебошад.

Қарорҳои қабулгардида барои ҷалби муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои бузурги муштарак, барномаҳои байниакадемӣ ва ташаккули равишҳои ягонаи рушди илмҳои бунёдӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имконияти нав фароҳам меоранд.

Ҷаласаи навбатии Шуро соли 2026 дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир мегардад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 24, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад