Байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Форуми мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Маросими имзои санад дар шакли конфронси маҷозӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул баргузор гардид. Ҳадафи асосии санад баланд бардоштани иқтидори миллӣ барои пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ–ядроӣ, муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи хатарноки марбут ба он мебошад.
Ин ҳуҷҷат барои рушди ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва техникӣ байни муассисаҳои соҳавии ду давлат заминаи мусоиди ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам оварда, ба таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ, такмили технологияҳои муосири ошкорсозии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос равона гардидааст.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм, пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар ин замина рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея ҳамчун яке аз кишварҳои дорои иқтидори пешрафтаи илмию технологӣ метавонад ба таҳкими имконияти миллии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мусоидат намояд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бо роҳпаймоии идона таҷлил намуданд
Парчам танҳо нишонаи зоҳирии давлат набуда, балки таҷассумгари нангу номус, шараф ва ормонҳои миллӣ мебошад
Илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои обу энергия нақши бунёдӣ доранд
Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ниҳоди президентӣ ва рушди давлатдории миллӣ конференсия доир шуд
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон китоби дарсии «Сарваршиносӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Вена Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) баргузор гардид
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд






