ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 24 ноябр дар шаҳри Душанбе ва баъзе минтақаҳои мамлакат баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) дар назар аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ, марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ хокбориш аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ворид мегардад.
Зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Ин гуна зарраҳо ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ мерасонанд.
Тибқи иттилои мутахассисони соҳа, солҳои охир бинобар тағйирёбии иқлим дар мамлакати мо ба вуҷуд омадани чангу ғубор зиёд ба қайд гирифта мешавад. Яке аз омилҳои асосии ин ҳолат паст будани намнокӣ дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳои давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва ҳатто биёбони Сахара мебошад, ки боиси ба вуҷуд омадани хокбориш мегардад. Ин чангу ғуборе, ки ба ҳаво паҳн мешавад, ба тариқи шамол ба давлати мо ворид мегардад».
«Омили боқӣ мондани хокбориш- ин кам будани намнокии ҳаво, набудани бориши борон ва вазиши сусти шамол мебошад. Агар борон борад ва шамол бо суръати баланд вазад, ҳолати ифлосшавии ҳаво аз байн меравад»,- иброз медоранд онҳо.
Таъсири манфии тӯфонҳои чангӣ ва хокборишҳо ба муҳити зист, экология, кишоварзӣ, олами ҳайвоноту наботот ва саломатии инсонҳо баръало мушоҳида мешавад.
Бино ба тавсияи мутахассисон, дар ин ҳолат кӯдакон ва наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои системаи нафаскашӣ, дилу раг, шахсони масунияташон паст то ҳадди имкон бе зарурат аз хона набароянд.
Ҳамзамон сокинонро мебояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, фаъолияти ҷисмониро дар беруни бино маҳдуд созанд. Ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия дода мешавад, ки зуд-зуд ҳавои хонаро тоза карда, саломатиашонро эмин нигоҳ доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






