ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 01.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. То 30 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе беш аз 95 фоизи биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳое, ки ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе пайваст мебошанд, бо оби гарми қубурӣ таъмин шудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сармуҳандиси Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» Ҳамза Ҳокимзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Ҳамза Ҳокимзода, ба ҳолати 30 октябр — 2506 бинои истиқоматӣ, 97 мактаб, 97 кӯдакистон, 52 беморхона ва 387 корхонаву ташкилот бо гармӣ таъмин шудаанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ- марказҳои барқу гармидиҳии №1, №2 ва дегхонаҳо 3 ҳазору 200 биною иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин гардиданд. Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавои моҳи октябри имсола ба соли 2017 монанд буда, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа балантар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 13+19 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 12+14 дараҷа гарм мешавад. Даҳаи аввали моҳ ҳаво гармтар буда, дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур нест.
Тавре иттилоъ дода шуд, то ба имрӯз дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ-531, ноҳияи Сино-1393, ноҳияи Шоҳмансур-614 ва ноҳияи Фирдавсӣ-601 иншоот бо оби гарм таъмин шудаанд.
Тибқи нақша, барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2025-2026 бояд дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-565, ноҳияи Сино-1478, ноҳияи Шоҳмансур-634 ва Фирдавсӣ-623 иншоот бо оби гарм таъмин карда шаванд.
Бояд гуфт, ки дар замони муосир рушди муътадили ҳама соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир ба бунёди иқтидори нав вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Ин иқдом метавонад барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъминоти пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.
Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад. Ин сатҳи таъмини аҳолии мамлакатро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд. Ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ дар таъминот бо неру ва гармӣ аҳамияти калон доранд.
Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармӣ, ки дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад. Ин барои таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш мебошад.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 августи соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли зимистон, таъмини пурраи аҳолӣ ва иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо неруи барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти зироат, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи сӯзишворӣ ва нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор, барои ҳамоҳангсозии корҳо дар самти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд. Ситод имрӯзҳо барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои ин қарор фаъолияти амалӣ дорад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад






