«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Ноябрь 20, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихор аст, ки давоми 34 сол дар баробари садо додани Суруди миллӣ ҳангоми дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар мамлакатҳои гуногуни олам рамзи муқаддаси миллӣ- Парчами давлатӣ афрохта мешавад. Чунин иброз намуд Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи давлатдории миллӣ». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хабар доданд.

Конференсия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳодати ҳастии миллат, рамзи давлати комилҳуқуқу озод, нишон аз ҷумҳурии соҳибистиқлол ва вуҷуд доштани давлати пойдору устувор бо номи Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории миллати куҳанбунёди мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ намуда, дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар фарди ҷомеа мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

АКС: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 20, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид