ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2025 08:35

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳикмати ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакати азизамон дар он таҷассум меёбад, ки хизматҳои бузургу мондагори абармарди майдони сиёсат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем. Маҳз Роҳбари давлат буданд, ки дар сангинтарин рӯзҳо бори масъулияти бузурги давлатдориро бар дӯш гирифта, давлату миллатро аз вартаи нобудӣ  наҷот доданд, тарафҳои даргирро ба ҳам оварданд ва сулҳу суботу оромию осудагиро барқарор намуданд.

Баъди ҳодисаҳои маълуми солҳои навадуми садаи гузашта фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буд ва дубора фаъол намудани он кори саҳлу осон набуд, аммо бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди масъулият дар назди давлату миллати ҷафокашида Роҳбари тозаинтихоби мамлакат тавонистанд дар  фурсати кӯтоҳ ин кори бисёр муҳиму бузургро анҷом диҳанд ва ҳатто дар минтақаҳои доғу ноором, ки ҳанӯз даргириҳо идома доштанд, сохти констутсиониро барқарор намоянд.

Ба ватани аҷдодӣ баргардонидани беш аз як миллион муҳоҷирони иҷборӣ яке аз хизматҳои дигари мондагори Президенти мамлакат аст, ки ба ин васила мардуми ғарибгаштаро аз хорию забунӣ наҷот дода, дубора соҳибватан ва ба ин восита дари кохи саодату хушбахтиро ба рӯйи онҳо боз намуданд. Гурезаҳо на танҳо баргардонида шуданд, балки дар ҳамон даврони аз нигоҳи иқтисодӣ басе душвор барои навсозии хонаҳои сӯхтаю валангоргашта Роҳбари давлат ба онҳо дасти ёрӣ дароз ва амнияти комили онҳоро таъмин намуданд.

Он солҳо тамоми минтақаҳои кишварамонро қаҳтию гуруснагӣ таҳдид мекард ва маҳз бо баракати иқдоми наҷибонаи Роҳбари раъиятпарвари давлатамон 75 ҳазор гектар замин ба ихтиёри мардум супорида шуд. Маҳз ҳамин тадбири саривақтӣ мардумро дар он солҳои душвор аз гуруснагӣ раҳоӣ бахшид.

Қадами дигари устувор дар марҳилаи навини давлатдорӣ амалӣ гардонидани ислоҳоти конститусионӣ буда, бо ибтикори Роҳбари давлат ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ арзишмандтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ – Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ қабул гардид. Дар Конститутсия шакли давлатдорӣ муайян шуд ва он заминаи мусоид фароҳам овард, то қонунгузории мамлакат зина ба зина такмил ёфта, волоияти қонун, адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин гардад. Бо таъсис ёфтани сохтори думаҷлисии мақоми қонунбарор – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ парламентаризм дар Тоҷикистон рушд менамояд ва қонунгузорӣ пайваста бо ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ такмил меёбад.

Бо саъю талоши беназири Роҳбари давлат, ки ҳастии худро барои хизмат ба давлату халқи азизашон бахшидаанд,  27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имзо расид. Маҳз  ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам овард. Мактаби сулҳофарии Президенти Тоҷикистон барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир ва намунаи ибрат гардида, аз тарафи ниҳодҳои пажӯҳишии байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба узвияти созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ пазируфта шуд. Роҳбари давлат пайваста дар Созмони Милали Муттаҳид аз минбари баланд оид ба мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ суханронӣ менамоянд. Борҳо шоҳиди он будем, ки Президенти мамлакат дар суханрониҳояшон аз минбари баланди ин созмон на танҳо дар мавриди мушкилоти Тоҷикистон сухан гуфтаанд, балки  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои басе мубраму ҳалталаби ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ рабтдошта ҷалб намуданд. Маҳз бо пешниҳоди Президенти муҳтарами мо Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2025 ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Маҳз чунин иқдоми наҷибонаю башарпарваронаи Президенти Тоҷикистон боиси болоравии нуфузи давлати азизи мо дар сатҳи олам гардид.

Дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 24 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»  қабул карда шавад. Бо ин ташаббусашон муҳтарам Пешвои миллат бори дигар исбот намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон буда, ҳалли ҳама ихтилофу низоъҳоро бо роҳи дипломатӣ мебинанд.

Хизмати шоистаи  дигари Роҳбари давлатамон ин аст, ки маҳз бо баракати ташаббусу иқдоми бесобиқаи онҳо бунёду навсозии роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявию  байналмиллалӣ оғоз гардида, тадриҷан мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ берун омад. Барои касе пӯшида нест, ки то замони соҳибистиқлолӣ бар асари баста шудани роҳҳо дар фасли сармо рафтуомади аҳолии бархе минтақаҳои ҷумҳурӣ бо марказ душвор мегардид. Ба камбуди иқтисодии давлат нигоҳ накарда, Роҳбари ояндабину дурандеши миллат ба таҷдид ва навсозии роҳҳо иқдом намуда, на танҳо ин мушкилро рафъ намуданд, балки барои ҳамлу нақли молу маҳсулот ба дигар кишварҳо ва ба ин васила тақвият бахшидани робитаҳои гуногунҷабҳа бо дигар кишварҳо шароити мусоид фароҳам оварданд. Хурсандиовар аст, ки маҳз бо андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти мавриди назар роҳҳои Тоҷикистон барои кишварҳое, ба мисли Чин, Афғонистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Покистон ва кишварҳои Аврупо ояндаи наздик ба сифати долони транзитӣ-иқтисодӣ хизмат хоҳанд кард.

Таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии солҳои сипаригардидаи даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки маҳз аз баракати саъю талош ва бо тадбирҳои хирадмандонаю саривақтии Президенти Тоҷикистон миллати мо дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳама барои кишваре, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омадааст, дар ин фосилаи кӯтоҳ дар таърих собиқа надорад. Яке аз омилҳои пешрафти иқтисодӣ, албатта, гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ва роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ аст, ки Роҳбари давлат ба он таваҷҷуҳи хосса доранд. Зеро маҳз ҳамин омил на танҳо боиси пешравии иқтисоди хонаводагии аҳолӣ, балки дар маҷмуъ тамоми ҷумҳурӣ гардида, вазъи иҷтимоии мардумро беҳбуд бахшид ва сабаби коҳиш ёфтани сатҳи бекорию камбизоатӣ гардид.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардидааст, «дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуд. Дар доираи ин нақша дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд».

Маҳз бо баракати ҳусни таваҷҷуҳи Роҳбари давлат  мақоми зан ва модар дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ ба таври бесобиқаю беназир боло бардошта шуд. Бо иқдоми наҷибонаи онҳо барои  фарогирии духтарон, хосса духтарони минтақаҳои дурдасту кӯҳистон  ба таҳсил квотаҳои президентӣ таъсис ёфтанд. Аз ин роҳ дари мактабҳои таҳсилоти касбию олӣ ба рӯи ҳазорҳо духтарон боз гардиду соҳиби касбу ҳунар гардиданд ва имрӯз дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат барои ободию сарсабзии давлати азизамон саҳми назаррас мегузоранд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардидааст, аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону занон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 90 ҳазор ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Иқдоми дигаре, ки аз сӯйи Роҳбари хирадманду дурандешу фарҳангпарвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, ин эҳёи ҳунару суннатҳои мардумӣ буд. Бо баракати чунин тадбирҳо пайванди бо гузашта гусасташуда аз нав барқарор гардид. Дар саросари ҷумҳурӣ садҳо ҳунари мардумии азёдрафта аз нав зинда ва дӯконҳои ҳунармандӣ бунёд ёфта, боиси баланд гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ гардиданд. Ҷашнҳои миллии мо – «Наврӯз», «Меҳргон», «Тиргон» ва «Сада» на танҳо умри дубора ёфтанд, балки василаи муаррифӣ ва далели зиндаи таърихи фарҳанги куҳан доштани миллати мо гардиданд. Имрӯз хориҷиёни на танҳо ҳамзабону ҳамфарҳанг, балки дигар миллатҳо низ саъй мекунанд, ки маҳз дар рӯзҳои таҷлили ин идҳои миллии мо ба ҷумҳуриамон биёянд.

Арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллат аз самти дигари иқдоми таърихии Пешвои миллатамон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо конфронсу ҷашнҳои бошукуҳи марбут ба солгарди фарзонафарзандони миллат баргузор гардиданд. Дурандешӣ ва ояндабинии Роҳбари давлатамон буд, ки 1100-солагии давлати Сомониён ва дигар ҷашнҳои бузург таҷлил карда шуд. Ин бе ҳикмат набуд. Чунин иқдом агар аз як сӯ арҷгузорӣ ба хизматҳои абармардони миллат бошад, аз ҷониби дигар ба хотири ҳувиятсозӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии мо амалӣ мегарданд. Ба нашр расонидани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва ҳадя намудани онҳо ба ҳар хонадон маҳз ба хотири тақивияти пайванди дирӯз ба имрӯз ва имрӯз ба оянда аст.

Кулли хизматҳои мондагори Роҳбари давлатамонро наметавон дар як навишта иброз намуд, аммо мусаллам аст, ки онҳо дар китоби таърихи миллати сарбаландамон бо хатҳои заррин сабт гардида, насли имрӯзу оянда ба онҳо арҷ мегузоранд.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

АКС аз бойгонии муаллиф

Ноябрь 14, 2025 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Президенти Тоҷикистон давоми се даҳаи истиқлол тавонистанд давлатро ба пояи устувори иқтисодӣ ва маънавӣ расонанд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ- ЗАМИНАИ ТАЪСИСИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-ҶАШНИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Президенти Тоҷикистон миллати тоҷикро дар давраи ниҳоят мушкили сиёсӣ соҳибдавлат гардониданд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МЕЪМОРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
16 НОЯБР- РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодири сиёсӣ ва меъмори сулҳу субот дар давлати навини тоҷикон мебошанд
Баҳри пешгирии гепатити вируси «А» чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ зарур аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Эмомалӣ Раҳмон -абармарде, ки бо матонат, шуҷоат ва нангу номус давлату миллатро наҷот бахшиданд»