ПРЕЗИДЕНТ- КАФИЛИ ҲАСТИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш баргузор гардид

Ноябрь 14, 2025 17:04

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Ҷамшед Табарзода ин санаи фархундаро ба аҳли нишаст таҳният гуфта, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин унвон намуд.

Иброз шуд, ки таҷлил аз Рӯзи Президент нишони эҳтирому эътирофи мардум аз хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёру демократӣ, таъмини сулҳу суботи саросарӣ, рушди бемайлони тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистонро арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, гуфт, ки Пешвои миллат умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудаанд.

Дар ҳамоиш доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ибрози андеша карда шуд.

Таъкид шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдорию соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2025 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид