«ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи илмӣ доир шуд

Ноябрь 13, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент (16 ноябр) таҳти унвони «Президент – кафили сулҳу ваҳдати миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, зимни конференсия иброз гардид, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик бо ифтихор Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рӯзи хештаншиносӣ ва ғурури миллӣ дар фазои сулҳу субот ҷашн мегиранд. Ҳама ин тантанаҳо, ҳамгироӣ, якдилию муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллату давлат аз ташаббусҳои хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.

Тазаккур дода шуд, ки халқи тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии Пешвои миллатдӯст ва бедордилу оқил ба идеяҳои баланди давлатдории миллӣ ва ин рӯзи пуршарафу пур аз ифтихор расид.

«Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрӣ ба тасвиб расиданд, ки тавассути онҳо иқтисоди миллӣ рушди бештар ёфт»,-баён доштанд иштирокчиёни ҳамоиш.

Таъкид гардид, ки дар радифи давлатсозию давлатдорӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба фаъолгардонии нақши занону духтарон дар ҷомеа, муҳайё намудани имконияти фаъолияти онҳо дар бахшҳои давлатию ҷамъиятӣ ва тиҷорату соҳибкорӣ равона гардид. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат дар раванди давлатсозӣ ба неруи солими ин қишри фаъоли ҷомеа такя мекунад.

Дар Тоҷикистон Рӯзи Президент барои ин миллати соҳибхирад ҷашни пурифтихор мебошад, зеро маҳз бо шабзиндадориҳо ва талошҳои Сарвари давлат оромӣ, сулҳу субот, амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим ва пешбурди сиёсати хориҷӣ таъмин гардид. Ин ҳама ифтихор ва сарафрозии миллати тамаддунофари тоҷикро боз ҳам бештар намуд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 13, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид