РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАКӮКОРӢ. Эҳтиром ва некиро аз кӯдакӣ омӯзонем, то ояндаро бо амалҳои хуб бисозем

Ноябрь 13, 2025 10:01

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 13 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ (World Kindness Day) таҷлил мегардад. Ин сана ҳамчун рамзи эҳтиром, меҳрубонӣ ва эҳсоси инсондӯстӣ байни одамон шинохта мешавад.

– Накӯкорӣ яке аз фазилатҳои олӣ ва арзиши муҳими ахлоқии мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки реша дар таърихи пурифтихори миллат ва таълимоти маънавии гузаштагон дорад.

Аз даврони қадим то имрӯз накӯкорӣ ҳамчун рамзи инсондӯстӣ, ҳамдардӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба дигарон ҷойгоҳи хосса дошта, дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин нақши муассир мебозад.

Коршиносон иброз медоранд, ки хислатҳои неку пурқимат барои инсон накӯкорӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром намудани калонсолон мебошад. Агар ҳар яки мо ин амалҳои некро анҷом бидиҳем, осудагӣ ва хушҳолиро дар диламон эҳсос мекунем.

Равоншинос Марям Давлатова иброз медорад, ки некӣ кардан ва эҳтироми касеро ба ҷо овардан- ин эътироф кардани ҳуқуқи тарафи муқобил нисбат ба ҳама чизе, ки зиндагӣ ба инсон муносиб донистааст, мебошад.

Эҳтиром ва некӣ ду арзиши асосии ахлоқӣ ва маънавии инсонӣ маҳсуб мешаванд, ки таълим ва парвариши онҳо бояд аз синни кӯдакӣ оғоз ёбад. Ба андешаи равоншинос, эҳтиром дар ҳар синну сол ва ҳолат шаклу мазмуни хоси худро дорад, аммо муҳим он аст, ки инсон онро дар тамоми давраҳои ҳаёт риоя намояд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, пеш аз ҳама, калонсолон бояд нисбат ба кӯдакон эҳтироми хосса ва муносибати ғамхорона дошта бошанд. Эҳтиром ва некӣ кардани калонсолон нисбат ба кӯдакон дар ғамхорӣ, шунидани хоҳишҳои онҳо ва кумак дар иҷрои эҳтиёҷоти кӯдакон ифода меёбад. Вақте ки калонсол бо меҳр ба ниёзҳои кӯдак гӯш медиҳад ва имкони амалӣ намудани онҳоро муҳайё месозад, ӯ дар дили кӯдак эҳсоси муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдардиро парвариш медиҳад.

Ба тавсияи равоншинос, дар ҳолате, ки хоҳиши кӯдак нодида гирифта шавад, ба ӯ бо суханҳои дурушт посух дода шавад, ин ҳолат метавонад ба руҳия ва муносибати ӯ дар оянда таъсири манфӣ расонад. Кӯдак аз хурдӣ чунин рафторро меомӯзад ва баъдан онро дар муносибат бо дигарон такрор мекунад. Агар кӯдак дар муҳити муҳаббат, накӯкорӣ ва эҳтиром рушд ёбад, ӯ дар оянда ин арзишҳоро дар ҷомеа низ анҷом медиҳад.

«Калонсолон мегуфтанд, ки агар хоҳӣ ба кӯдак кумак кунӣ, ҳамроҳаш бош, агар хоҳӣ ба устод ёрӣ расонӣ, ба кори ӯ халал нарасон ва агар хоҳӣ ба одамони калонсол кумак расонӣ, ба ҷойи онҳо амал намо»,-иброз дошт равоншинос Марям Давлатова.

Ҷомеашинос Нозим Нурзода дар суҳбат бо мо гуфт, ки дар муҳите, ки эҳтиром, муҳаббат ва накӯкорӣ ҳукмфармост, кӯдак ин арзишҳоро ба таври табиӣ қабул мекунад. Масалан, вақте ки падару модар бо меҳру эҳтиром нисбат ба падарону модарон муносибат мекунанд, кӯдак низ чунин муносибатро меомӯзад ва дар оянда онро идома медиҳад. Яъне волидайн бо рафтори худ ба кӯдакон мефаҳмонанд, ки эҳтиром ба калонсолон ва некӣ кардан ба онҳо рамзи инсондӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аст. Агар ин арзиш аз кӯдакӣ парвариш ёбад, эҳтиром ва некӣ нисбат ба дигарон ба одати табиӣ табдил меёбад.

«Аммо дар ҷомеаи имрӯза таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва кам шудани муоширати мустақим сатҳи муоширати солимро то андозае дар оила коҳиш додааст. Ҳамин аст, ки имрӯз дар ҷомеа бо бархе ҷавонону наврасоне вохӯрдан мумкин аст, ки онҳо нисбат ба калонсолон кам ҳурмату эҳтиром зоҳир менамоянд»,-мегӯяд ҷомеашинос.

Дар ин замина саволе ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то дар байни насли наврасу ҷавон ҳисси масъулият, муҳаббат ва накӯкорӣ тақвият дода шавад? Нозим Нурзода баён дошт, ки пеш аз ҳама, бояд ба масъалаҳои зерин ҷиддӣ таваҷҷуҳ кард:

Якум. Калонсолону миёнасолон бояд, пеш аз ҳама, бо рафтори нек ва ахлоқи намунавӣ, ба монанди масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, покдоманӣ, меҳрубонӣ, накӯкорӣ ва ёрмандӣ барои ҷавонон намуна бошанд. Он чизеро ки мегӯянд, бояд аввал худашон иҷро кунанд.

Дувум. Ҷомеаи мадании мамлакат, фаъолони иҷтимоӣ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва зиёиён бояд дар боло бурдани сатҳи тарбия ва ахлоқи ҷавонон саҳм гузоранд.

Севум. Нармгуфторӣ, хушсуханӣ, меҳрубонӣ ва муҳаббати инсонӣ бояд ба асоси муносибатҳои иҷтимоӣ табдил ёбад. Дар ин ҷода нақши калонсолон ва шахсоне, ки дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият доранд, хеле бузург аст. То замоне ки сухани нарм, рафтори зебо ва муҳаббати инсонӣ дар ҷомеа ҷой нагирад, беҳбуди ахлоқиро интизор шудан мушкил аст.

Чаҳорум. Меҳрубонӣ, накӯкорӣ, ёрмандӣ ва эҳтиром бояд, пеш аз ҳама, дар муҳити оилавӣ ташаккул ёбанд. Ҳар қадар пешсафони иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар татбиқи барномаҳои ахлоқӣ саҳм гиранд, ҳамон қадар ҷомеа рӯ ба пешрафт меорад.

Панҷум. Кӯдак ва наврас аз забони падару модар нахустин дарсҳои ахлоқиро меомӯзад — аз қабили меҳр, муҳаббат, дӯстдорӣ, эҳтиром ва накӯкорӣ. Аз ҳамин сабаб нақши оила дар тарбия ва ташаккули ҳувият хеле бузург аст. Бинобар ин ба таҳкими оила ва тарбияи хонаводагӣ бояд ҷиддӣ аҳамият дод, то ҷомеа низ аз ин ҷиҳат солиму устувор гардад.

Воқеан мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе ҷавонон то андозае аз риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дур мондаанд. Агар ба ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа назар афканем, мебинем, ки ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки пиразан ё пирамарде бо бори вазнин аз кӯча мегузарад, вале кам касон пайдо мешаванд, ки ба онҳо ёрӣ расонанд ё кумак пешниҳод намоянд.

Дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ чунин ҳолатҳо ба назар мерасанд. На ҳама ҷавонон омодаанд, ки ба шахсони калонсол ҷой диҳанд ё нисбат ба онҳо бо эҳтиром рафтор намоянд. Ин гуна рафтор, бешубҳа, нишонаи коҳиши эҳсоси масъулият ва дуршавӣ аз арзишҳои волои маънавии инсон мебошад.

Нақлиёти ҷамъиятӣ яке аз ҷойҳои муҳиме мебошад, ки дар он фарҳанги иҷтимоии шаҳрвандон намоён мегардад. Агар наврасу ҷавон ба калонсол ҷой диҳад, бо ин амал на танҳо эҳтиром, балки муҳаббати инсониро нишон медиҳад.

Мураббияи Муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №66-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Хосият Аҳмадова иброз намуд, ки агар муҳити хонаводагӣ солим, пур аз муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад, наслҳо низ бо эҳтиром, меҳрубонӣ ва масъулият ба калонсолон муносибат хоҳанд кард.

«Ман дар таҷрибаи кориям, ки беш аз 17 сол мешавад ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул ҳастам, бисёр чизҳоро мушоҳида кардаму омӯхтам. Дар гурӯҳи ман 30 кӯдак тарбия мегиранд, ки синни онҳо 2–3 сола мебошад. Ҳар рӯз ман ба онҳо тарзи салом додан, хӯрок хӯрдан, либос пӯшидан, риояи тозагӣ, хайру хуш кардан ва дигар машғулиятро меомӯзонам. Аммо оила аз муассиса дида бештар дар таълиму тарбияи кӯдакон нақш мегузорад»,-мегӯяд Хосият Аҳмадова.

Тарбияи дурусти ин қишри ҷомеаи ояндасоз дар руҳияи одобу ахлоқ ва фарҳанги дурусти муошират бо бузургон ва эҳтироми калонсолон, махсусан падару модар вазифаи ҷонию виҷдонии ҳар аъзои ҷомеа аст.

Коршиносон иброз медоранд, ки дар Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ бигузор дар муассисаҳои таълимӣ, шуруъ аз кӯдакистон то донишгоҳҳои олии мамлакат дарси некӣ гузаронида, ба хурдсолону ҷавонон моҳияти некӣ кардан ва эҳтиром ба ҷо оварданро бештар омӯзонанд. Инчунин ин рӯз бо тозаву озода кардани кӯча, маҳалла, корхона, мактаб, гулгашту хиёбонҳо, шаҳру деҳот, аёдату мадад расонидан ба ниёзмандон гузаронида шавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 13, 2025 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад
Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод