Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим чорабинии фарҳангию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар қисми хотимавии чорабинӣ ғолибони озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» бо ифтихорнома ва сипосномаҳо ҳавасманд гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, таҳкурсии ҳуқуқии давлатдории миллӣ ва кафили суботу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҷомеаи тоҷик мебошад».
«Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки роҳнамои зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Маҳз дар асоси он истиқлолияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохтори иҷтимоиву сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ ҳифз ва таҳким ёфтанд», -афзуд Сулаймон Зиёзода.
Иштирокдорони дигари ҳамоиш оид ба аҳамияти сарнавиштсози Конститутсияи Тоҷикистон ибрози назар намуда, арҷ гузоштан ба ин санади олӣ ва риояи онро таъкид намуданд.
Дар қисми хотимавии чорабинӣ ба ғолибони озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Озмун бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи он таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Хонаи истиқоматии беҳтарин», «Маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Беҳтарин деҳот», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» гузаронида шуда, ғолибони он бо «Диплом»-у мукофоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Данғара дар номинатсияи беҳтарин ноҳия сазовори дипломи дараҷаи якум ва дар номинатсияи ҷамоати деҳоти беҳтарин Ҷамоати деҳоти Пушинг сазовори дипломи дараҷаи якум гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






