Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Роҳи ормонҳои Пешвои муаззами миллат» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар оғози чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода нақш ва хизматҳои арзандаи муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле муассир арзёбӣ намуд.
Сипас муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ба ҳозирин паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.
Таъкид гардид, ки таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ пеш аз ҳама ифодаи шукргузорӣ аз пойдории давлату миллат, истиқрори истиқлолу ваҳдат, бақои сулҳу субот, ҳастии забону фарҳанг ва ҷасорату фидокории Роҳбари хирадманду раъиятпарвар ва оқилу нотакрори миллат — Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар вазъияти барои давлати ҷавони тоҷикон ниҳоят мураккабу печида ӯ роҳбарии мамлакати ба вартаи ҷанги таҳмилӣ кашидашударо ба уҳда гирифта, бо меҳнату заҳмат, ҷасорату хиради волои хеш тавонист халқу миллатро сарҷамъ карда, армонҳои ҳазорсолаи миллиро ба ҳақиқат табдил диҳад.
Маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ намудани аввалин Президенти ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихобгардидаи Тоҷикистон — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар таърихи давлатдории мо марҳилаи нави сиёсӣ — сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфт.
Дар идома собиқадорони меҳнат ва арбобони илми кишвар баромад намуда, нақш ва саҳми боризи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори давлатдории тоҷикон хеле бузург арзёбӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилӣ раҳо сохтаанд ва дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва сиёсии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои таърихиву тақдирсоз анҷом додаанд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар бо савту наво ва суруду таронаҳои саршор аз тараннуми Ватан ва садоқат ба Президенти маҳбуби мамлакат пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе




























Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






