Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ интихоб гардид

Ноябрь 13, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 ноябр  дар толори «Аржанг»-и Кохи Наврӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) баргузор шуд. Дар ҷаласа  Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ  интихоб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аъзои Шуро ва иштирокдорони ҷаласаро самимона ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таъкид намуданд, ки дар доираи анҷоми раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шудани чорабиниҳои Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ дар шаҳри Душанбе аҳамияти хоса  дорад.

Таъкид гардид, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнипарламентӣ ва таҳкими муколамаи созанда дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи имрӯза қадами муҳиме дар роҳи таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ гардида, натиҷаҳои амалӣ ва мушаххас ба бор хоҳанд овард.

Тибқи рӯзнома, бо пешбурди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи интихоби Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шуро интихоб гардид.

Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хусуси натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба иштирокчиён маълумот доданд.

Дар идомаи ҳамоиш роҳбарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентӣ сухан намуда, доир ба мавзӯъҳои мубрами ҳамкорӣ ва доираи рӯзномаи ҷаласа изҳори андеша карданд.

Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ қабул карда шуданд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентҳои кишварҳои иштирокдори Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

                         

Ноябрь 13, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид