Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 ноябр дар толори «Аржанг»-и Кохи Наврӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд. Дар ҷаласа Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ интихоб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аъзои Шуро ва иштирокдорони ҷаласаро самимона ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таъкид намуданд, ки дар доираи анҷоми раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шудани чорабиниҳои Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ дар шаҳри Душанбе аҳамияти хоса дорад.
Таъкид гардид, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнипарламентӣ ва таҳкими муколамаи созанда дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти афзалиятнок медиҳад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи имрӯза қадами муҳиме дар роҳи таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ гардида, натиҷаҳои амалӣ ва мушаххас ба бор хоҳанд овард.
Тибқи рӯзнома, бо пешбурди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи интихоби Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шуро интихоб гардид.
Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хусуси натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба иштирокчиён маълумот доданд.
Дар идомаи ҳамоиш роҳбарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентӣ сухан намуда, доир ба мавзӯъҳои мубрами ҳамкорӣ ва доираи рӯзномаи ҷаласа изҳори андеша карданд.
Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ қабул карда шуданд.
Дар кори ҷаласа роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентҳои кишварҳои иштирокдори Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»























Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид






