Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Беҳтар кардани некӯаҳволии занон ва духтарон ва солимии репродуктивӣ – самти афзалиятноки Парламенти мамлакат» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳамоиш тибқи нақшаи фаъолияти Гурӯҳи кории парламентӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушди назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагону масъулини дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳамзамон намояндагони Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Тоҷикистон ва коршиносони миллию байналмилалӣ иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки аз оғози соли 2000 масъалаи беҳтар кардани вазъи некуаҳволии занону духтарон ва ҳифзи саломатии репродуктивӣ дар радифи дигар масъалаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон (аъзои давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид) мавриди баррасӣ қарор гирифта, минбаъд иҷрои барномаҳои Ҳадафҳои рушди устувор ва Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ карда мешавад.
Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиёт ба соҳаи тандурустии мамлакат, алалхусус дар масъалаи беҳтар кардани вазъи некӯаҳволии занону духтарон ва ҳифзи солимии репродуктивӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар натиҷа дастрасӣ, сифат ва самаранокии маҷмуи хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад.
«Имрӯз занони тоҷик дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳм мегузоранд»,- гуфт Мавсума Муинӣ.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






