«ЗАНОН, СУЛҲ ВА АМНИЯТ». Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» доир мегардад

Ноябрь 16, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷаласа аъзои муколама аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагон аз давлатҳои Эрон ва Озарбойҷон, вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, коршиносони миллию байналмилалӣ ва занони паноҳҷӯ аз Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳу устувор ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии занони афғонро баррасӣ менамоянд.

Дар доираи ҷаласа раёсати «Муколаи занони Осиёи Марказӣ» дар соли 2026 ба дигар давлати аъзо гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он раёсати муколама дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 16, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд