Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 декабр дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо дастгирии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иҷлосияи муҷаддади 68-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷаласаи 37-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, ҳадафи ин чорабиниҳо ба ҳалли масоили амалии фаъолияти комиссияҳои мазкур, аз ҷумла баррасӣ ва тасдиқи тақсимоти буҷа, тартиботи маъмурӣ ва афзалияти барномавӣ барои ташаббусҳои назорати маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини идоракунии самараноки захираҳо ва мувофиқат бо ҳадафҳои васеътари Созмони Милали Муттаҳид равона гардидааст.
Дар маҷмуъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он ба омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар ин самт, таҳкими тадбирҳои муштараки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи минтақавӣ ва мустаҳкам кардани ҳамкорӣ дар ин самт таъсири мусбат мерасонад.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Австрия








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






