БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон

Декабрь 29, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 фарогири масъалаҳои ҳаётан муҳими соҳаҳои гуногуни мамлакат буда, барномаи комилан асоснок барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлати давлат ва ҳукумат ба шумор меравад.

— Имсол низ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ якчанд дастуру пешниҳодҳои муфид оид ба рушди ҷомеа, хусусан рушди маориф ва илм, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пешниҳод гардид. Барои боз ҳам пурмазмуну мақсаднок ба роҳ мондани самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, ки масъалаи мактабу маориф, таълиму тарбия, рушди илму фарҳанг мебошанд, ин масъала ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси давлат ва ҳукумати мамлакат қарор дорад. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «…мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем».

Тавре шоҳид ҳастем, асри XXI – асри тараққиёти босуръати илму техника мебошад. Бинобар ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дастур дода шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва илмию таҳқиқотиро зарур аст, ки бо истифода аз он имконияте, ки давлат ва ҳукумат дар самти таълиму тарбия фароҳам овардааст, аз усулҳои муосири таълимӣ ва технологияи инноватсионӣ дар инкишофи мактабу маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон истифода намоянд. Тавре ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши муҳим дорад.

Дар баробари маориф ва илм соҳаи фарҳанг низ чун яке масъалаи муҳим ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг сохта, ба истифода дода шуда, 350 иншооти дигари ҳамин соҳа таъмиру навсозӣ гардид. Яъне, ҳадафу мароми Сарвари давлат аз ин ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, ки қишри пешбарандаи ҷомеа мебошанд, ба ҳисоб меравад.

Идомаи мантиқии чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳост, ки Ҳукумати мамлакат барои мардуми ҷумҳурӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ месозанд, ки дар арафаи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Боиси ёдоварист, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан насли наврас, ки зери таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат қарор дорад, аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.

Давоми чанд соли ахир бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ҳамосаи ҷаҳонӣ – «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Ин иқдом дар таърихи давлатдории мо беназир аст, зеро таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба таъриху фарҳанги миллӣ, пос доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани осори зерин аз нуктаи баланди сиёсати хирадмандона, фарҳангсолор ва маорифпарваронаи Сарвари давлат дарак дода, ҳамчун рамзи соҳибхирадӣ ва идомаи иқдоми неку ҳадафманди Роҳбари давлат мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки давоми соли равон бо саъю талошҳои давлати мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон воқеъ гаштаанд, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи моро муҳтарам Пешвои миллат дар мисоли Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки ба табиат зич алоқаманд ҳастанд, нишон дода, бори дигар таъкид доштанд, ки гузаштагони ориёии мо дар пешрафти тамаддуни башарият нақши муассир бозидаанд, ки боиси сарбаландии мо – тоҷикон мебошад. Роҳбари давлат ба масъулин дастур доданд, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шаванд.

Инчунин дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки «…боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд».

Яқинан метавон гуфт, ки аҷдодони мо – ориёиҳо ва умуман, миллати тоҷик миллати фарҳангиву тамаддунсоз дар марҳалаҳои гуногуни таърихи башарият ба шумор меравад. Имрӯзҳо мо муваззаф ҳастем, ки дар баробари ифтихор доштан аз мероси оламшумули ниёгони худ онро ҳифз кунем ва чунончи Сарвари давлат иброз менамоянд, «…мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Дар охир нуктаеро гуфтан зарур аст, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳама самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми сарбаланди мамлакат бо самимият истиқбол гардид.

Сайфиддин МУРОДОВ, 
мудири бахши иттилооти дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода