Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон

Декабрь 9, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2011 инҷониб 9 декабр чун иди касбӣ — Рӯзи геологҳои Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

–Дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар мамлакат, некӯаҳволии миллат ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмилалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошанд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ, иктишоф ва истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданоке, ки рушди самтҳои афзалиятноки саноати кӯҳии ҷумҳуриро таъмин менамоянд, дар мамлакат 4 барномаи давлатӣ таҳия ва қабул гардид. «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Мақсади асосии ин барнома муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар доираи барнома омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи 56 лоиҳа дар объектҳои корҳои минтақавӣ, металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, ашёи сангҳои ранга, ашёи радиоактивӣ, гидрогеологӣ, геологияи муҳандисӣ, геоэкологӣ ва геофизикӣ корҳои мавзуӣ тарҳрезӣ гардидаанд.

Амалишавии барнома аз соли 2021 оғоз гардида, то ин замон беш аз 80 фоизи он фаро гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар объектҳои «Корҳои ҷустуҷўии дақиқи зуҳуроти сурбу руҳи Сурбиён», «Корҳои ҷустуҷӯии металлҳои нодир дар майдони Шазуд-Дӯзахдара», «Ҷустуҷӯи геохимиявӣ барои тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ-Лучоб», «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти ванадийи Аргли», «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Ривути боло», «Корҳои ҷустуҷӯӣ ва арзёбӣ дар майдони маъдании Ошоба» натиҷаҳои назаррас дида мешаванд.

Тавре аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯзҳо кормандони саридора ва сохторҳои тобеи он ҳангоми иҷрои корҳои геологии саҳроӣ, таҳияи лоиҳаву ҳисоботи геологӣ аз барномаҳои муосири компютерӣ васеъ истифода мебаранд. Бо истифода аз технологияҳои муосир рақамикунонии харитаи геологии миқёси 1:200000 (дусадҳазора) бо базаи маълумоти конҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхабардорӣ ва ба шакли электронӣ гардонидани шиносномаҳои конҳои канданиҳои фоиданок, сохтани базаи иттилоотӣ барои харитаҳои гидрогеологии миқёси 1:200 000 (дусадҳазора) тартиб додани харитаҳои канданиҳои фоиданоки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба анҷом расидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки беш аз панҷ сол аст ҳисоботи натиҷаҳои корҳои омӯзиши геологӣ пас аз баррасӣ ва тасдиқ барои нигоҳдорӣ ба фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замин дар шакли электронӣ қабул карда мешавад.

Ҳоло барои амалӣ намудани назорати равандҳои хатарноки геологӣ рақамикунонии харитаи муҳандисӣ-геологии Тоҷикистон бо миқёси 1:500 000 (панҷсадҳазора), харитаи равандҳои экзогенӣ бо миқёси 1:500 000 (панҷсадҳазора), ярчҳо ва дигар намудҳои офатҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, бонки иттилоотӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба истифодаи технологияи муосир ва сари вақт татбиқ намудани он дар истеҳсолот дар Саридораи геология Маркази додаҳои улуми замин фаъолият мекунад. Марказ бо истифода аз барномаҳои ArcGIS ва QGIS рақамикунонии харитаҳои геологии миқёси 1:100000 (садҳазора) бо базаи маълумот ва харитаҳои топологии миқёси 1:100000 (садҳазора), тартиб додани харитаҳои канданиҳои фоиданоки ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин дар доираи амалишавии барнома дастгоҳҳои замонавии пармагарӣ ва харитасозии рақамӣ харида шуданд. Дар назар аст, ки чунин таҷҳизоти замонавӣ ва рақамӣ давра ба давра ба ҳама корхонаҳои зерсохтори Саридораи геология ворид карда шавад.

Дар натиҷаи пурра амалӣ гардидани Нақшаи амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030» афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок таъмин шуда, эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ қонеъ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки захираҳои бойи табиӣ барои рушди иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бунёдӣ доранд. Дар ин соҳаи иқтисодиёт ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат вазифаи баланд бардоштани самаранокии коркард ва истифодаи захираҳои табиӣ ба миён гузошта шудааст, ки бе ҳалли он таъмини рушди устувори иқтисодиёт мушкил аст.

Имрӯз боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи аграрию сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳои зеризаминӣ дар арсаи ҷаҳон мавқеъ пайдо кардааст. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат карда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд.

Ёдовар мешавем, ки 9 декабри соли 2011 пас аз таҷдиду навсозӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи геологии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯз нахустин маротиба бо кормандони соҳа вохӯрӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки 9 декабр чун Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон