Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид

Декабрь 10, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар се даҳсола Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда, муттаҳидкунанда ва пешбарандаи ҷомеа собит намудааст, ки дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таъмини сулҳу суботи устувор нақши арзанда дорад. Ҳизб саросар ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ буда, ҳадафи асосиашро зиндагии шоистаи мардуми ҷумҳурӣ ва рушди самтҳои афзалиятнок ташкил медиҳад. Ин матлабро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Қобилҷон Хушвахтзода зимни ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҳизби Сарвар, ҳизби халқи Тоҷикистон» бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён намуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди олии илмии ҷумҳурӣ бо ҳизб дар самти ташаккули тафаккури илмӣ-сиёсӣ, таҳияи таҳлилҳои илмӣ, омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ ва дастгирии иқдоми созандаи давлат ҳамкории самаранок ба роҳ мондааст. Ҷалби олимон ба баррасии масъалаҳои муҳими миллӣ, таҳияи пешниҳодҳои илмӣ ва дастгирии сиёсати стратегии давлат барои тақвияти пояҳои давлатдорӣ аҳамияти назаррас дорад.

Дар идома роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода аз нақши ҳизб дар таҳкими дастовардҳои давлати миллӣ, суботи ҷомеа ва пешбурди сиёсати стратегии ҷумҳурӣ ёдовар шуд. Ӯ иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбари сиёсӣ дар таҳияи барномаҳои дарозмуддати давлатӣ, амалӣ гардонидани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда дорад.

Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо сиёсати хирадмандона, созанда ва дурбинонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист аз мушкилоти сахти давраи аввали истиқлолият гузашта, пояҳои давлатдории муосирро устувор созад ва ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ворид шавад. Ҳизб ҳамчун  такягоҳи ҷомеа ва давлати миллӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим мебозад.

Дар фарҷом як зумра фаъолони ҳизб бо Диплом ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ин иқдом чун рамзи қадрдонӣ аз саҳми назарраси онҳо дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, иштироки мунтазам дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 10, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад