Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр вазифаҳо, ташаббусҳо, иқдом, роҳнамоӣ, уҳдадорӣ ва ҳадафҳои стратегиро муайян намуд.
Иброз гардид, ки ҳадафи стратегии мамлакат расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф ва барои истифодаи самарабахши неруи барқ давоми 10 соли гузашта ба соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст. Дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт.
Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардид.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуданд. Ҳамзамон иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт расид, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқӣ-обии хурду бузург, 1,5 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маъмуъ 75 фоизи инфрасохтори энергетикии мамлакат навсозӣ гардид.
«Дар ҳақиқат ба кор андохтани 2 агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва Неругоҳи барқи обии «Қайроқум», идомаи татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Норак», таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва оғози корҳо дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар паёмҳои пешин баррасӣ гардида буданд, иҷро гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар замони соҳибистиқлолӣ чандин баробар афзоиш ёфтааст», – баён гардид дар вохӯрӣ.
Таъкид шуд, ки ҷомеа бояд ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ бояд ба таври ҷиддӣ муносибат намояд ва ба талафоти беҳудаи неруи барқ роҳ дода нашавад. Агар ҳар оила, корхонаю муассиса ё ташкилоту идора ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 10 киловатт қувваи барқро сарфа намояд, дар миқёси мамлакат ҳаҷми умумии сарфаи неруи барқ ба миллионҳо киловатт мерасад.
Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нишони он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардуми мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара








Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






