Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид

Декабрь 29, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон  хабар доданд.

Дар ҳамоиш раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода иҷрои нишондиҳандаҳо ва паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла масъалаҳои татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии терроризм ва экстремизм, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва мусоидати соҳибкорони ватанию хориҷиро ба рушди бемайлони соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Тавре изҳор шуд, дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои муассиру судманд ба роҳ мондааст. Дар натиҷа тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мунтазам рушд ёфта, пояҳои давлатдории миллӣ устувор гардиданд.

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ барои рушди босуботи мамлакат заминаи устувор фароҳам овард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Декабрь 29, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд