Дар шаҳри Ҳисор иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон таъмин карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор 7 Сурайё Дӯстмуродзода бо сокинон, афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дар шаҳри Ҳисор ва кормандони гуногункасби шаҳр вохӯрда, ба онҳо нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳ дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат барои миллати тоҷик мебошад. Имсол мардуми шарифи мамлакат 35 солагии ин рӯйдоди фарраҳбахшу таърихиро дар фазои сулҳу субот таҷлил менамоянд.
Вазъи бавуҷудомадаи ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ба қадри истиқлолу ваҳдати миллӣ расем ва фарзандонамонро дар ин руҳия тарбия намоем.
Изҳор гардид, ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ амалишавии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро таҳлил намуда, оид ба сифатан иҷро намудани нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои миллат ва давлатдории навини тоҷикон дастуру ҳидоятҳо манзур намуданд.
Ҳамчунин оид ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии баъзе ҷавонон аз дохилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагию бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таваҷҷуҳи хос ба рушди илму маориф ва дастгирии ҷавонон ба масъалаи баланд бардоштани нуфузи байналмилалии мамлакат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
«Ташаббуси таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе қадами муҳим дар роҳи муаррифии таъриху фарҳанги куҳан, арзишҳои умумибашарӣ ва саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ арзёбӣ мегардад. Ин марказ, ки ба сифати майдони илмию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ фаъолият менамояд, барои таҳкими муколамаи тамаддунҳо, ҳамкории фарҳангӣ ва илмии халқҳои гуногун, инчунин таблиғи идеяҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта хизмат менамояд. Бешубҳа, таъсиси чунин муассисаи муҳими ҷаҳонӣ дар пойтахти кишвар далели равшани сиёсати фарҳангпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад»,-изҳор гардид дар вохӯрӣ.
Иштирокчиёни вохӯриҳо даъват карда шуданд, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ нишондодҳои Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро иҷро намоянд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор











Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд






