Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд

Декабрь 7, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, таъмир ва васлу насби дастгоҳу таҷхизоти техникӣ ва давра ба давра гузаштан ба низоми муосири биллингӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб байни аҳолӣ  вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Сардори шуъбаи истеҳсоли техникии филиали Ҷамъияти саҳомии шабакаҳои тақсимоти  барқ дар минтақаи Кӯлоб Аҳлиддин Хоҷаев иброз намуд, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ ба мушоҳида мерасад, масъалаи сарфакорона ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти муҳим касб намудааст.

Ба аҳолӣ ҳамчунин доир ба ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ маълумот пешниҳод гардид.

Иброз гардид, ки пешгирии ғайриқонунии истифодаи неруи барқ дар Тоҷикистон аз шаҳрвандон ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстию ватанпарастӣ  талаб менамояд. Таъсиси ситодҳои махсус, насби ҳисобкунакҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон метавонад дар коҳиш додани амалҳои ғайриқонунӣ ва солимгардонии вазъи энергетикии мамлакат нақши  муҳим дошта бошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Декабрь 7, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид