Дар шаҳри Турсунзода оид ба таҳкими бозори муосири меҳнат конференсияи илмӣ доир шуд
ТУРСУНЗОДА, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-металлургии шаҳри Турсунзода дар мавзуи «Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таҳкими бозори муосири меҳнат» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурҷон Собирзода доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфт. Иброз гардид, ки суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат дар ин санади муҳим оид ба таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстию ватанпарварӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани масъулият роҳнамои сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус ҷавонон мебошанд.
Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои фаъолияти созандаю бунёдкоронаи сокинони мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба хотири ҳарчи зудтар ҳал намудани мушкилоти умдаи ҳаёти ҷомеа роҳҳои самараноки онро мушаххас намудааст. Рушду тараққиёти ҳар ҷомеа аз донишу малакаи ҷавонон вобастагии амиқ дорад, зеро агар сатҳи дониши ҷавонон паст бошад, ба гумроҳию корҳои ношоиста ҷалб намудани онҳо осон мегардад. Ба ин мазмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: «Асри ХХ1 — асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил мегарданд. Имрӯз онҳо аз Офтоб барқ истеҳсол мекунанд. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии оянда ва ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Зимни конференсия раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи дурнамои ояндасози мамлакат ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин санад таълиму тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони варзида, забондону суханвар ва ихтироъкору навовар рисолати асосии аҳли маориф ва муассисаҳои таълимӣ муайян карда шудааст. Дар ин замина омӯзгорон вазифадор мебошанд, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон масъулияти дучанд эҳсос намуда, мутахассисони дорои малакаи баланди касбӣ ба камол расонанд».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






