Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?

Декабрь 12, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими сардӣ ва тағйир ёфтани обу ҳаво бемориҳои шадиди роҳҳои нафас авҷ гирифта, теъдоди гирифторони он меафзояд. Яке аз чунин бемориҳо зуком мебошад, ки имрӯз сокинони зиёди гуногунсоли мамлакат ба он гирифтор шудаанд.  Ин кадом навъи бемории зуком мебошад, барои пешгирӣ ва  табобати  он чӣ бояд кард? Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» бемориро шарҳ дод.

— Дар Тоҷикистон ду навъи зуком: ҳам зукоми «хук» (H1N1) ва ҳам «Ҳонконг» (H3N2) хуруҷ намудааст. Зукоми хук аз соли 2009 ва «Ҳонконг» аз соли 1968 фаъол мебошанд, ки имрӯз сокинони мамлакат ба он гирифтор мебошанд,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки ин ду навъи бемории зуком дар мамлакат нав нест.  Аслан штамми H3N2 – вируси гурӯҳи «А» буда, ҳанӯз аз соли 1968, замоне, ки «Ҳонконг» бори аввал сабт шуд, вуҷуд дорад ва дар давлатҳои осиёӣ рушд мекунад.

Тибқи мушоҳидаҳо, сокинон аз гирифтор шудан ба бемории зукоме, ки нишонаҳояшон монанд аст, шикоят мекунанд. Инчунин ба маълумоти сокинони ҷумҳурӣ, агар як узви хонавода ба ин навъи зуком гирифтор шавад, дар муддати кӯтоҳ тамоми аъзои  оила ба он гирифтор мешаванд.

Наврӯз Ҷафаров мегӯяд, ки тамоми бемориҳои роҳҳои нафас ва зуком нишона ё оризаҳои монанд доранд: таби баланд, дарди гулӯ, сулфаи хушк, қайкунӣ, дарунравӣ ва қабзият (сахт шудани шикам). Зимни ин навъҳои зуком ҳар узверо, ки вирус ҳадаф гирифт, ҳамон ҷо ба дард меояд.

Авҷи бемории зукоми «Ҳонконг» дар мамлакат маротибаи  аввал аст?

Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ин навъи зуком ҳамеша буд. Аммо солҳои пеш одамон онро сабуктар мегузарониданд. Хусусияти ин зуком он аст, ки ҳар сол таркиби генетикиашро иваз мекунад. Баъди пандемияи соли 2019 тамоми зукомҳои гурӯҳҳои «А», аз ҷумла «хук» (H1N1), «Ҳонконг» (H3N2) ва «Б» (самтҳои «Ямагата» ва «Виктория») нест шуданд. Аммо дар давлатҳои Осиё боқӣ монданд. Соли 2022 ин навъи вирусҳо бо шакл ва нишонаҳои дигар авҷ гирифтанд, ки аз солҳои 2018-2019 фарқ мекарданд.

«Бо фаро расидани бемориҳои мавсимӣ ин навъи вирусҳо нишонаҳояшонро тағйир медиҳанд.  Инчунин мавсимҳо дар минтақаҳо  фарқ мекунанд, агар дар Осиёи Марказӣ як мавсим аст, дар Осиёи Шарқӣ ё Ғарбӣ мавсими дигар аст, аз ин хотир зукомҳо дар шароити ба худ мувофиқ хуруҷ мекунанд.

Зукомро бояд чӣ гуна пешгирӣ ва муолиҷа кард?

Дар мавриди табобати ин беморӣ Наврӯз Ҷаъфаров тавсия медиҳад, ки шахси бемор бояд чаҳор рӯз дар хона бистарӣ шавад. Инчунин бештар обу чой ё моеъи гарм, лимӯ ва хӯрокҳои сабук истеъмол намояд.

Тавсия дода мешавад, ки ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бояд бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан мебошад.  Истеъмоли хӯроки серғизои  аз витаминҳо бой ва  афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард.  Қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шустани даст ва  худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард.

Ҳангоми ба зуком мубтало шудан  бояд,  пеш аз ҳама, бо  мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард. Имрӯз доруҳои  гуногун зиёд шудаанду  ҳар кадоми он  интихоби фардӣ дорад. Агар як нафар бо як навъи дору сиҳат шавад,  ба нафари дигар он  баръакс, таъсири манфӣ мерасонад.  Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои  зуком дар се рӯз равшан мешаванд.  Ҳангоми  бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар гузашта, метавонад боиси илтиҳоби шуш гардад. Бемор  беҳтараш бистарӣ гашта,  духтурро ба хона даъват кунад,  то  омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн меравад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд