Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини шароити арзанда – мавзуи меҳварӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 24, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми сарбаланди тоҷик чанд рӯз пеш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи хосса тамошо намуданд. Имрӯз  аҳли ҷомеаи Тоҷикистон  хуб медонанд  ва дарк менамоянд, ки маҳз пас аз пешниҳоди ин санади муҳим ва пас аз ташаббусу пешниҳодоти созанда, ки Пешвои муаззами миллат манзур менамоянд, дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар таъмини риоя, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои инсону шаҳрванд рушду такони ҷиддӣ эҳсос карда мешавад.

— Воқеан, Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ паёми ташаббусҳои муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ, паёми тараққиёти босуръати самтҳои мухталифи мамлакат ва паёми саршор аз муваффақияти беназири мамлакат дар соли 2025 маҳсуб мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо ифтихор аз рӯйдоди муҳимми таърихӣ барои мардуми мо — ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии давоми беш аз сад соли охир ҳалношуда байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ ва аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидани шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ёдовар шуданд. Дар ҳақиқат, ин иқдом чӣ барои мардуми тоҷик ва чӣ барои мардуми қирғиз, ки дар сарҳад зиндагӣ мекунанд, ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад, зеро солиёни дароз бинобар сабаби муайян нагардидани нуқтаҳои асосии сарҳадот мардум азият мекашид. Ҳатто ин ҳолат ба вайрон гардидани вазъ дар сарҳади ду давлат оварда расонида буд.  Хушбахтона, бо шарофати ин иқдом, қабл аз ҳама сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат мардуми ду давлат, ки солиёни дароз дар ҳамсоягии наздик умр ба сар мебурданд, дубора муттаҳид шуданд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муҳтавои асосии ҳар самт ва соҳаҳоро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд. Ё ҳар пешниҳод, ҳар супоришу вазифае, ки дар ин санад  манзур мегардад, ба беҳбуди зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ҳама соҳаҳо- иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, занон, ҷавонон ва соҳаҳои дигар таваҷҷуҳи асосӣ ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии ӯ равона мегардад.

Масъалаи муҳиме, ки барои мардум ва умуман барои тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа муҳим ва албатта, боиси  хушнудии онҳо гардид, ин бинобар зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 зиёд кардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.

Ин иқдом дар беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии қишрҳои мухталифи ҷомеа  нақши созгор хоҳад гузошт. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми наҷиб аз соли 2022 ҳамасола доир мешавад. Яъне, тибқи таҳлилҳо, дар чаҳор соли охир дар маҷмуъ музди меҳнат дар Тоҷикистон сад фоиз, яъне як баробар зиёд гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат беш аз 25 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳо қабул гардидааст.

Пешвои муаззами миллат оид ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф сухан гуфта, аз иқдоми Тоҷикистон барои бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ёдовар шуданд.

Воқеан, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд маърифати ҳуқуқӣ шарти зарурии чунин давлат ба ҳисоб меравад.

Мавриди тазаккур аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. Чунончӣ, 5 ноябри соли 2009 зимни суханронӣ ба муносибати 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон чунин иброз намуда буданд: «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд». Ҳамин буд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Тоҷикистон тавонист ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, дарк ва азхуд намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва дастрасӣ ба иттилоот мусоидат намояд.

Маҳз ҳамин иқдоми навбатии Тоҷикистон дар самти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, хусусан дар самти эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон  саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати мамлакат эълон гардид. Иброз шуд, ки даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.  Президенти Тоҷикистон ёдовар гардиданд, ки  соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.

Яке аз ҳадафҳои муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату  Ҳукумат бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки ин нукта дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таҷассум ёфт.

Чуноне ки Президенти мамлакат иброз намуданд: “ман аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.

Аз мавқеи имрӯзаи Ҳукумати мамлакат, хусусан аз суханрониҳои пайвастаи Президенти мамлакат дар соҳаи илму маориф баръало бармеояд, ки Ҳукумат илм ва маорифро дар мадди аввал мегузорад. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар Паём  ба Маҷлиси Олӣ бисёр хуб ёдовар гардиданд, ки «фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт».

Хушбахтона, имрӯз дар ҳаёти воқеии мо ба мушоҳида мерасад, ки дар партави ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, ки иқдоми «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад» — ро талқин менамоянд, ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ равона мегарданд.

Албатта, бо мавриди қазоват қарор додани ин нишондодҳои мусбати соҳаи маориф ҳар шаҳрванди хушбахти ин давлат барои пуштибонӣ намудани чунин сиёсати фарҳангпарваронаю инсондӯстонаи давлату Ҳукумат аз ҳар вақти дигар бештар масъулият эҳсос менамояд. Зеро дар ҷодаи тарбияи дурусти насли нав – соҳибони ояндаи Ватан чунин иқдоми Роҳбари давлат омили асосӣ маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон солҳои охир, хусусан соли 2025 бо ташаббусҳои созандаю байналмилалӣ давлатро муаррифӣ намуд. Яке аз  чунин ташаббусҳо, ки метавонад таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро аз мавҷудияти таъриху фарҳанги бойи миллатамон, мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои муҳимми таърихӣ ва ба ин васила барои эҳтиром, эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ҷалб намояд – ин аз ҷониби ЮНЕСКО дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералӣ пазируфтани ташаббуси Тоҷикистон- қатънома зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) мебошад. Зимни Паём  ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки ин боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.

Дарвоқеъ, қатънома аҳаммияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш” – ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзиштии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар асари пурарзишашон- «Чеҳраҳои мондагор» баён намуданд, ки Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос гузоштааст.

Дигар масъалаи муҳиме, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, марбут ба шароити хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Президенти мамлакат зимни  баррасии ин масъала Ҳукумати мамлакатро вазифадор карданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Воқеан, ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъминоти  ҷузъу томҳои  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тадбирҳои муассир меандешад. Шароити моддию  маънавӣ ва  вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Риояи қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, инчунин тарбияи сиёсиву маънавии хизматчиёни ҳарбӣ имконият медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои ҳайати шахсӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин карда шавад.

Ҳамин тавр, ҳифзи ҳуқуқи инсон, муҳайё намудани шароити арзанда ба мардуми мамлакат дар ҳама самтҳо мавзуи меҳварии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ташкил медиҳад. Доир ба ин масъала Президенти Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад”.

Умед БОБОЗОДА,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Декабрь 24, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМО БА СӮЙИ ФАРДО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
ПАЗИРОИИ ТАШАББУСҲОИ МИЛЛӢ — БА ХОТИРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
МУҚОВИМАТ БА ХУРОФОТПАРАСТӢ-ТАВАССУТИ МАЪРИФАТИ БАЛАНД. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ
РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ доир шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
АМАЛИ МО ИНТИҚОЛИ НУР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи энергетикҳо дар Тоҷикистон