ИЛМ ВА МАОРИФ — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК. Андешаҳо баргирифта аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 26, 2025 08:41

ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод карда шуд, муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили соҳаҳои гуногун ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ мегардад.

— Нуктаи муҳим ва меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ чун ҳамешагӣ соҳаи маориф ва илм ташкил дод. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат, “агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.

Дар ҳақиқат рушди илму маориф калиди пешрафти ҳама соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи ҳар давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Аз таҷрибаи андӯхтаи Амрикову давлатҳои Аврупо бармеояд, ки маҳз донишҳои замонавӣ ва таҳқиқу тадриси илм метавонад ҳар  давлатро аз вартаи ҷаҳолат ва пастравии самтҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатӣ раҳоӣ бахшад. Дар фарҳанги ҷаҳонӣ чунин аст, ки маҷмуи маълумоти мавҷуда донишро ташкил дода, дониши ҷамъгардида илмро ба вуҷуд меорад. Системабандии ин ду маърифати илмиро ташкил дода, аз бар намудани он касро соҳибмаърифату соҳибиззат менамояд. Маҳз инсони соҳибилму соҳибмаърифат метавонад роҳҳои бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаро ифшою бартараф намуда, дар рӯзгор ва ҳаёту фаъолият ба хотири пешбурди ҷомеа саҳм гузорад.

Рушди неруи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиию техникӣ ва забонҳои хориҷиву технологияи иттилоотӣ муҳимтарин нуктаҳое мебошанд, ки Пешвои миллат дар ин санади муҳим таъкид намуданд. Воқеан ҳам дастгирии олимони ҷавон ва ташаккул додани илми ватанӣ ғанигардонии қудрати давлат ва обрӯи он аст. Кашфи истеъдодҳо ва дастрасӣ ба захираи бепоёни неруи инсонӣ муассиртарин иқдом дар бунёди давлати индустриалӣ мебошад. Воқеан ҳам имрӯзҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имконият истифода карда, ба рушди илмҳои техникию табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Инчунин доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла инноватсия дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Зеро ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад.

Хирадмандиву соҳибмаърифатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз давраҳои аввали роҳбарияшон маълум буд, чун дар давраҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ғамхори соҳаи илму маориф буданд. Инро метавон аз қонунҳою санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо ташаббусу иқдоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд ва аз пайваста баланд бардоштани маоши кормандони соҳа пай бурд. Дар баробари ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин изҳори назар намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.

Ин гуфтаҳо нишони он аст, ки ҷойгоҳи илму маориф дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат баланд аст.

Аз тарафи дигар, далели раднопазири онро метавон дар эълон кардану ба ҳукми анъана даровардани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббус ва сарпарастии Роҳбари давлат гузаронида мешаванд, пайдо намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 иброз намуда буданд, ки «миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзанда пайдо намояд. Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманд мегузоранд».

Воқеан ҳам Пешвои миллат барои рушди соҳаи илм ва маориф, ки дар сиёсати худ онро самти афзалиятнок эълон намудаанд, аз тамоми имконияти мавҷуда истифода менамоянд, то ин соҳа рушд кунад, чунки омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат маҳз илму маориф мебошад. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи илм ва маориф, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи илм ва маориф, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардида, барои рушди бемайлони соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешрафт ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушду такомули илму маориф, техникаю технологияи навин, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, тарбияи насли нави муҳаққиқони соҳаи табиӣ ва техникӣ дар мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ва солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Ин ба фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникию технологӣ дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун ва пажўҳишгоҳҳои илмӣ мусоидат намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Зимни вохӯриашон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидани илму маориф дар ҷумҳурӣ якчанд қонуну стратегия ва барномаю нақшаи чорабиниҳо қабул намуд. Инчунин якчанд созишномаҳо ба тасвиб расиданд, то шароит ва имконот дар бахши илм ва таҳқиқоти илмӣ беҳтар шавад. Дар ҳақиқат ҳам илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола маблағгузории соҳаи илму маориф зиёд карда мешавад. Дар соли 2026 маблағи ба ин соҳа ҷудогардида 14 миллиард сомониро дар бар мегирад, ки нисбат ба соли 2025  25% зиёд аст. Мушоҳида менамоем, ки имрӯзҳо бархе илмҳо, аз ҷумла нанотехнология, химияи сабз, агробиотехнология, генетика, фармокология, энергияи офтобӣ, физикаи квантӣ, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди «сабз» ва ғайра дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар ин замина дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, криосфера ва энергияи офтобӣ барои дар амал татбиқ намудани онҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Махсусан пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” табдил дода шавад.

Дар самти илмомӯзӣ ҳар соҳибкасби соҳаро мебояд, ки аз даричаи илм бо чашми созанда нигарад ва талош варзад, ки таҳқиқи мондагоре дар самти пешбурди соҳаи худ ва муаррифии миллати бофарҳангамон анҷом диҳад. Маҳз дақиқназарӣ ва меҳнату заҳмати бештар метавонад касро ба ҳадафҳои дар пеш гузоштааш расонад.  Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат ба мардум чунин муроҷиат намуданд: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.

Ҳамин тариқ, маҳз рӯ овардан ба илму маориф ҷомеаро ба самти рушд ва пешбурди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт мебарад. Ҳар  таҳқиқгарро зарур аст, ки дар соҳаи интихобкардааш қадамҳои устувор ниҳад, то дар соҳаи илму маориф саҳми арзишманд гузорад.

Ҷавобан ба ҳамаи ин дастгириҳою ғамхориҳо моро зарур аст, ки тамоми саъю талошро ба илмомӯзӣ, ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем, то Тоҷикистон боз ҳам ободтару зеботар шавад. Иҷро намудани дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ кафили суботу оромӣ ва дар амал татбиқ гардидани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидаанд, низ кафили зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони ҳар сокини мамлакат мебошад.

Эркин ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
Абдурасул САМАДЗОДА,
омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2025 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ дорад
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ –суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо мардум
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мебошад
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паём барномаи стратегӣ буда, дурнамои рушди устувори минбаъдаро муайян менамояд
ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ДОРОИ ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА ВА НОДИР. Назари илмӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати таъмини иҷрои нишодиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон баргузор шуд