Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Нахуст оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шунида шуд.
Зимни ҳисобот таъкид гардид, ки дар 11 моҳи соли 2025 маҷмуи маҳсулоти минтақавии пойтахт ба 23,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,2 фоиз зиёд гардид. Ҳиссаи маҳсулоти пойтахт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 20,2 фоизро ташкил дод.
Пас аз анҷоми суханронӣ Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалишаванда чораҳои дахлдор андешанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои таъмин намудани истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он корҳои фаҳмондадиҳиро байни сокинон вусъат бахшанд.
Ҳамчунин барои риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшии тоҷикона, ки асоси ҳувият ва ҳастии миллат ба ҳисоб меравад, дар ҳама қишри ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида шаванд.
Ҷиҳати ободу зебо гардидани пойтахт ва тақвият бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинони пойтахт, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳои шаҳр супориш доданд, ки бо мақсади иҷрои пурраву саривақтии нақшаи андозҳо, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ, таъмин намудани қисми даромади буҷет ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар соли 2026 мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, махсусан, дар байни ноболиғону ҷавонон ҷалб намуданд.


Сипас вакилон лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2026 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2024-ро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар идомаи иҷлосия вакилон ваколати вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои №2 ва №21-ро пеш аз муҳлат қатъ карданд.
Бинобар ин, дар ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои №2 ва №21, 1 марти соли 2026 интихобот муайян гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.
Вакилон дар идома масъалаи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3» ба номи Абдуфаттоҳ Одинаевро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намуданд.
Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳамаи вакилон, кормандони мақомоти маҳал ва кули сокинони шарафманди пойтахт даъват намуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро тақвият бахшанд.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






