Мактаби сиёсии Пешвои миллат дар заминаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таърих гувоҳ аст, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар аёми бедорӣ ва қадамҳои нахустини мустақилона Тоҷикистони тозаистиқлол ва мардуми сарбаланди он ба имтиҳони сахту сангине рӯ ба рӯ гардиданд.
Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро бар дӯш гирифта, кишвар ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд ва корномаи чунин шахсиятҳо дар саҳифаҳои таърихи давлатдории мамлакат бо ҳарфҳои заррин сабт мешаванд.
Ҳақиқати талх аст, вале додгоҳи таърих ва тақдир миллати моро бо сабабҳои зиёди дохилию хориҷӣ ба ҷанги ҳамватанӣ ва моҷароҳои зиёди сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ кашид.
Дар чунин шароит барои наҷоти миллат ва таъмини Истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯсту маърифатпарвар чун обу ҳаво зарур буд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори амонати давлатдорӣ ва раҳоӣ аз мушликоти ҷиддиро бар дӯши роҳбари ҷавони ҳамагӣ чилсола – Эмомалӣ Раҳмон гузошт.
Масири минбаъдаи ҳаёти сиёсии мамлакат бо ҳаводиси рӯзгор ва вақт ҳамчун довари бузург нишон дод, ки Роҳбари хирадпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амонатро ҷавонмардона дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои халқ то нуқтаи зарурӣ расониданд, ҳунармандона аз ин санҷиши таърихӣ гузашта, Тоҷикистонро дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ ба сарманзили оштӣ ва ваҳдати миллӣ табдил доданд.
Сарнавишти башар исбот кардааст, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд гуногунандешии сиёсӣ мебошад.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва талаботи ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд. Давлат ба онҳо барои пешбурди фаъолият шароити арзандаро кафолат медиҳад.
Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ҷомеаи мо ба созмон додани чунин ташкилоти усулан нави сиёсие, ки мардуми парокандашудаи тоҷикро сарҷамъ созад, ба хотири бунёдкориву созандагӣ ва дигаргунсозию ислоҳоти нав ба онҳо эҳсоси умеду боварӣ бахшад ва дар татбиқи ҳадафҳои созгори роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нақши пешбаранда дошта бошад, ниёз пайдо кард.
Бояд гуфт, ки заминаи асосии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне, ки мамлакат дар вазъи хеле душвор қарор дошт, сарчашма мегирад.
Бо ибтикор ва тасмими Пешвои миллат барои ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон, фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, муттаҳид намудани табақаҳои мухталифи ҷомеа Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (дар марҳилаи аввали ташаккулёбӣ бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ном бурда мешуд) 6 декабри соли 1993 ба кор шуруъ кард ва 10 декабри соли 1994 Анҷумани нахустини ҳизб баргузор гардид. Дар ин анҷуман вакилон заминаҳои сиёсию иҷтимоии ташаккули ҳизбро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин дар анҷуман оиннома, барнома ва мақсадҳои тактикӣ ва стратегии ҳизбро муайян намуданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар марҳалаи мураккаби сиёсӣ барои давлати тозаистиқлол ба фаъолият шуруъ намуд, аз рӯзҳои аввали таъсис фаъолияташро ба устуворию пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросарӣ дар Тоҷикистони соҳибихтиёр равона карда, ҳадафи асосиро муттаҳид намудани неруи пешқадам ва тавоно ба хотири бунёд намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққӣ, таъмин намудани суботу ягонагӣ, якпорчагии Ватан, ояндаи неку дурахшони мамалакат муайян намуд.
Инак, 31 сол аст, ки ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ҳимоя намуда, расму анъана ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла зӯроварӣ, экстремизм, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ медонад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки таҳти роҳбариву роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу роҳандозии иқдоми наҷибу олӣ, барномаҳои ҳадафмандона барои таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таблиғи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пуштибонӣ аз манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, таҳкими амнияту оромии кишвар ва некуаҳволии аҳолӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нуфузу эътибори миқёсӣ пайдо намуда, ба ҳайси ҳизби пешсаф дар ҷомеаи навини мамлакат эътироф гардид. Бо назардошти ин гуфтаҳо ҳизбро халқӣ меноманд, зеро он танҳо як ҳадаф дорад: хизмат кардан ба халқи Тоҷикистон ва ҷалби тамоми талош барои дар амал татбиқ намудани ҳадафу мақсадҳои неку созанда.
Ин аст, ки идеяҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми мамлакат дастгирӣ ёфта, дар асоси иродаю боварии қавӣ атрофи ҳизб ва Сарвари хирадсолори он пайваста муттаҳид мешаванд.
Ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба тамоми қишри ҷомеа мебошад, ки имрӯзҳо ҳар фарди худшиносу рисолатпеша бо дили гарму ояндаи дурахшон дар қаламрави мамлакат дар мақоми гуногуни давлатию ҷамъиятӣ содиқона ва бо завқи баланд фаъолият карда, ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мепайвандад.
То ба имрӯз ба беш аз 600 ҳазор нафар расидани шумораи аъзои ҳизб, ки аз он 53 фоизро занону духтарон ва қариб 40 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд, инчунин ба 7210 адад расидани шумораи созмонҳои ибтидоии ҳизбӣ тасдиқи ин гуфтаҳо аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад дар Анчумани XV ҳизбӣ 18 декабри соли 2024 чунин баён доштанд: “Ҳизби мо ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии кишвар тавассути татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносиву неруи зеҳнии аъзои хеш ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ҷомеаи Точикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст”.
Воқеан, вақте саҳифаҳои таърихро аз фаъолият ва таҷрибаи сиёсии беш аз 30 — солаи ҳизб варақгардон менамоем, аён мегардад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз имтиҳону санҷишҳои таърихӣ бо сарбаландӣ гузаштааст ва дар рушду тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии мардум ба натиҷаҳои баланд шарафёб гардидааст.
Зимнан вазифаи асосии ҳизби сиёсӣ дар ҳама замон ва дар тамоми кишварҳо иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тавассути ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва бо ин роҳ ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Иштирок дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ мавқеъ ва нуфузи ҳизбро муайян кардааст.
Баъд аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Тоҷикистон ҳафт маротиба интихоботи парламентӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020, 2025) ва 4 маротиба интихоботи президентӣ (солҳои 1999, 2006, 2013, 2020) баргузор гардидааст.
Дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бартарияти бештарро соҳиб гардида, номзадҳои аз ҳизб пешбаригардида раъйи бештари мардумро ба даст овардаанд.
Ҳоло 42 нафар ё 67 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ҳафтум) аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, бо фаъолияти пурсамар дар раванди таҳияву такмили қонунгузории миллӣ, ки ҳамқадами ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мебошанд, ҳиссаи арзишманд доранд.
Боварии мардумро сазовор гардидани вакилони парламент исботи он аст, ки миллати соҳибмаърифату соҳибтамаддун дарк намудааст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имконияти баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.
Инчунин дар Маҷлиси намояндагон Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваффақона фаъолият дорад.
Фаъолияти густурдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар замони беш аз се даҳсола нишони он аст, ки дар раванди истиқлоли давлатӣ, комил гардидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуҳратёр шудани давлати тозаистиқлол дар арсаи ҷаҳон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бузург буда, он бо заҳмату талошҳои ҳамешагӣ ва сиёсати бобарору хирадмандонаи Раиси муътабари Ҳизбамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳар ҳизби сиёсие, ки раъйи бештари мардумро ба даст меорад, барномаи он ҳамчун барномаи бунёдии Ҳукумат пазируфта мешавад.
Дар ин марҳалаи таърихӣ барои амалинамоии ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо ҳам ҳаммаром мебошанд, дар мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо қабулу мавриди амал қарор додани қонун ва стратегияву барномаҳои миллӣ тадриҷан тадбирҳои заруриву саривақтӣ рӯи кор омаданд.
Бо ифтихору сарфарозӣ метавон иброз намуд, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистон натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои фарогири Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум дар соли 2024 ба 20 фоиз расонида шудааст.
Ҳамзамон дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 25 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонӣ то 153,4 миллиард сомонӣ ё 85 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ то 14,8 ҳазор сомонӣ ё 51 маротиба, даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонӣ то 147 миллиард сомонӣ ё 147 маротиба, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 1,4 миллиард сомонӣ то 53,8 миллиард сомонӣ ё 38 маротиба, ҳаҷми содирот аз 784 миллион доллар то 1947 миллион доллар ё 2,5 маротиба зиёд гардиданд.
Ҳамчунин дар ин давра зиёда аз 2550 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ, 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 3076 муассисаи нави тиббӣ, 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона сохта, ба истифода дода шуд.
Бо шарофати сиёсати асосноку дурнигаронаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкории худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун аъзои фаъол ба роҳ монда, ташаббускору пешоҳанги даҳҳо иқдоми байналмилалӣ мебошад.
Бемуболиға, ҳама дастоварду комёбиҳои бемислу беназири миллати сулҳовару ваҳдатсоз ва шарафманду заҳматписанди тоҷик дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар даврони навин самараи сиёсати инсондӯстона, дурандешона, холисона ва ташаккули мактаби сиёсии муосир мебошад. Ин мактаб маҳсули андеша ва ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар шароити пуртазоди таърихию сиёсӣ давра ба давра рушду такомул ёфт ва ҳоло дар марҳалаи фаъолнокии бесобиқаи сиёсӣ қарор дорад.
Ин мактаби бузург — мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Он ҳамчун ниҳоди меҳварӣ дар поягузории Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва рушду сарсабзии он нақши мондагор гузошт.
Идома бахшидан, такмили ин мактаби нодири сиёсӣ, аъзои он будан ва сабақ андӯхтану дарси ибрат омӯхтан аз фаъолияти содиқонаву доманадори Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар узви фаъолу ватандӯсти ҳизби мо на танҳо шарафу ифтихор, балки рисолату масъулияти баланди инсониву шаҳрвандист. Ин рисолат ба маънои амиқи калима, пеш аз ҳама, такя ба арзишҳои олии ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллат ва хизмати содиқона ба мардумро ифода менамояд. Зеро маҳз тавассути пайравӣ аз мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат фарҳанги сиёсӣ, тафаккури давлатсозӣ ва масъулияти иҷтимоии ҳар фарди ҷомеа ташаккул меёбад.
Мактаби сиёсии Пешвои миллат на як сохтори назариявӣ, балки таҷассуми зиндаи таҷрибаи давлатдорӣ аст, ки дар он омӯзиши амалии роҳбарӣ, идоракунии ҳаёти сиёсӣ, таъмини суботу ваҳдат ва рушди устувори ҷомеа ба таври пайдарпай амалӣ мегардад. Дар ин мактаб шахсиятҳо тарбия меёбанд, ки вазифаи асосии онҳо хизмат ба халқ аст, на ҷустуҷӯи манфиати инфиродӣ. Ҳар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дохил шудан ба ин мактаби маънавӣ-сиёсӣ уҳдадор мешавад, ки ҷаҳонбинии худро бар пояи адолат, масъулият, самимият ва эҳтиром нисбат ба қонун ва арзишҳои миллӣ ташаккул диҳад.
Аз ибтидои таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то имрӯз ин ниҳоди сиёсии пешоҳанг ба мактаби воқеии кадрпарварӣ табдил ёфтааст. Дар заминаи робитаи мустақими он бо сиёсати Пешвои миллат ва ҳадафҳои стратегии рушди кишвар садҳо нафар мутахассисону роҳбарони соҳаҳои гуногун ба камол расиданд, ки имрӯз дар идораи давлатӣ, сохторҳои иҷтимоӣ ва бахши иқтисодӣ самаранок фаъолият мекунанд. Омӯзиш аз таҷрибаи роҳбарии Пешвои миллат, пеш аз ҳама, тоб овардан ба мушкилот, устувор мондан дар муқобили таҳдидҳо ва қабули қарорҳои масъул дар лаҳзаҳои сарнавиштсозро дар бар мегирад.
Дарси асосие, ки ҳар аъзои ҳизб аз ин мактаб меомӯзад, ин фарҳанги хизмат ба мардум аст. Пешвои миллат давоми фаъолияти сиёсию давлатии худ собит сохтанд, ки сарнавишти роҳбарӣ бо масъулияти бузург ҳамроҳ аст. Иҷрои ин масъулият маънои гӯш додан ба дарду ниёзи шаҳрвандон, пуштибонӣ аз табақаҳои осебпазир, тақвияти имконияти иҷтимоӣ ва бунёди заминаҳои рушди ҳамаҷониба барои ҳар сокини мамлакатро дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин руҳия фаъолият намуда, ҳамчун минбари татбиқи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат хизмат мерасонад.
Идома ва такмили мактаби сиёсӣ дар шароити муосири пешрафти ҷомеа аҳамияти боз ҳам бештар касб менамояд. Зеро ҷаҳони имрӯз бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйироти шадиди иқтисодӣ, чолишҳои амниятӣ, зуҳуроти ифротгароӣ ва бесуботии фарҳанги сиёсӣ рӯ ба рӯст. Дар чунин шароит маҳз тарбияи кадрҳои содиқу ватандӯст дар руҳияи арзишҳои миллӣ метавонад суботи сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеаро таъмин созад. Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд ҳамчун муҳофизони маънавии давлатдорӣ, таблиғгарони фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва муаррифи манфиатҳои миллӣ дар ҷомеа баромад намоянд.
Сабақ гирифтан аз фаъолияти Пешвои миллат дар худшиносии сиёсӣ низ аҳаммияти вижа дорад. Ин худшиносӣ на танҳо дар шинохти таъриху фарҳанг, балки дар дарки ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонӣ таҷассум меёбад. Роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистонро ба давлати устувору боэътимод табдил дод, ки имрӯз дар минтақаву ҷаҳон ҳамчун ҷонибдори сулҳ, ташаббускори муколамаи обу иқлим ва ҳарфи созанда дар масъалаҳои амнияту рушди устувор шинохта мешавад. Аъзои ҳизб тавассути омӯзиши ин таҷриба мефаҳмад, ки сиёсати дурандешона чӣ гуна метавонад манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашариро бо ҳам пайванд диҳад.
Ҳамчунин мактаби сиёсии Пешвои миллат модели нави муносибатҳои ҷомеа ва давлатро ташаккул мебахшад. Ин модел бар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, муколамаи кушода бо мардум, шунидани садои ҷомеа ва дарки масъулияти муштарак барои тақдири кишвар бунёд ёфтааст. Дар чунин низом ҳизб ҳамчун пуле байни ҷомеа ва давлат хизмат намуда, нақши бозгӯкунандаи дархостҳои мардум ва татбиқкунандаи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодиро иҷро мекунад. Аъзои ҳизб бояд бо мардум мустақим кор бурда тавонанд, андешаҳои шаҳрвандонро ба мақомоти дахлдор расонанд ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳми воқеӣ гузоранд.
Дар ниҳоят, идома бахшидан ба ин мактаб маънои пайваста боло бурдани сатҳи маърифатнокии сиёсӣ ва ахлоқии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дорад. Зеро ҳар аъзои ҳизб на танҳо намояндаи созмони сиёсӣ, балки симои маънавии давлатдорӣ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Рафтори ӯ, суханаш, муносибаташ бо мардум бояд намунаи баланди фарҳанги сиёсӣ, эҳтиром ба қонун ва садоқат ба Ватан бошад. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонад рисолати бузурги ҳизб — хизмат ба манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои истиқлолу субот ба таври шоиста амалӣ гардад.
Ҳамин тавр, сабақандӯзӣ аз мактаби сиёсии Пешвои миллат ва идомаи анъанаҳои волои он на танҳо дастури фаъолият, балки роҳи зиндагии аъзои ҳақиқии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Ин роҳ бо масъулияти ахлоқӣ, меҳнати содиқона ва боварӣ ба фардои нек пайванд буда, ҳар аъзои ҳизбро водор месозад, ки дар баробари шарафи узвият ба ин ташкилоти сиёсии пешсафу пешоҳанг ҳамеша барои пешрафти Ватани азиз ва саодати мардум хизмати самимона намояд.
Мавсума МУИНӢ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих








Владимир Путин бо раисони парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқот намуд
Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии СААД иштирок намуд
САДОИ ҚАЛБИ ҲАМСАФОНИ БУРУНМАРЗӢ. Ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида мешавад
Омили объективии норасоии неруи барқ ва зарурати дарку таҳаммулпазирӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфа нишонаи дигар бемориҳо низ мебошад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
Ҷаласаи Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур баргузор гардид






