МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфа нишонаи дигар бемориҳо низ мебошад

Декабрь 7, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз нишонаҳои бемории роҳҳои нафас сулфа кардан аст. Сулфа ҳангоми ба зуком ва шамолкашӣ гирифтор гаштани инсон шуруъ мешавад, вале он метавонад нишонаи бемориҳои дигари нисбатан вазнин низ бошад. Агар сулфа то 3 ҳафта давом кунад, онро сулфаи шадид меноманд, вале агар беморӣ аз 3 то 8 ҳафта давом ёбад, онро бардавом мегӯянд. Агар он  аз ду моҳ бештар идома ёбад, донед, ки беморӣ аллакай кӯҳна шудааст. Чунин маслиҳат медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Сулфа аломати маъмули сироятҳои мавсимӣ аст, ки аксар вақт онро нодида мегиранд. Сулфа бо бисёр бемориҳо — аз сироятҳои вирусӣ ё бактериявӣ то аллергия, астма, бемориҳои шуш ва дил низ вобастагӣ дорад.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, сулфа бештар дар инсон бо сабаби шамолкашии узвҳои нафас ва бемориҳои сироятӣ, аз қабили зуком, бронхит, пневмония, сил, астма, тромбоэмболияи артериалии шуш ва саратони шуш сар мезанад. Инчунин бемориҳои лорингит, фарингит, дил ва рагҳои хунгарди он, норасоии кори дил, аллергия ва касалиҳои асаб ҳам тавассути сулфа ба вуҷуд меоянд.

Инсонҳо бояд донанд, ки сулфае, ки аз шамолкашӣ ва зуком пайдо мешавад, чунин нишонаҳо дорад: ҳароратбаландӣ, маҳкамшавии димоғ, хориши гулӯ, ҷудошавии об аз бинию чашм ва ғайра.

Ба маълумоти табибон, дар беморони гирифтори бронхит ё пневмония дар вақти сулфа оби чашму оби бинӣ намешорад, аммо ҳарорат баланд шуда, дар қафаси сина эҳсоси дарди кунд пайдо мешавад.

Агар хоҳед, ки сулфаи шумо зуд табобат шавад, ҳатман ба табибон муроҷиат намоед. Зеро табиб аз рӯйи натиҷаи ташхис ва аломату нишонаҳо сулфаро муайян карда, доруҳои пасткунандаи шиддати сулфа ва балғамбарор мефармояд. Набояд фаромӯш кард, ки агар давои гирифтаи шумо ба намуди сулфа мутобиқ набошад, он натиҷаи баръакс медиҳад, яъне сулфаро зиёд мекунад ё ба дигар узвҳои инсон зиён мерасонад.

Ба иттилои мутахассисон, дар одамоне, ки шароб менӯшанд ё сигори зиёд мекашанд, заҳри тамоку ба саломатиашон бетаъсир намонда, субҳгоҳон зиёд месулфанд. Гирифторони бемории сили шушро сулфаи шадид бештар шабона азият медиҳад. Агар сулфа гоҳу ногоҳ ва бе ягон сабаб оғоз ёбад, ин нишонаи аллергия ва ё хастагии асаб мебошад. Ба ин намуди сулфа бештар одамони ҳассосе, ки дили нозук доранд ва асабонӣ мешаванд, гирифтор мегарданд.

Инчунин сулфа бештар дар байни кӯдакон ба мушоҳида мерасад. Ба тавсияи табибон, барои ба кӯдак ёрӣ расонидан, пеш аз ҳама, намуди сулфаро муайян кардан зарур  аст. Бештари волидон ба сулфаи хушк чандон аҳамият намедиҳанд, зеро боварӣ доранд, ки агар кӯдак балғам надошта бошад, сулфиданаш чандон хатарнок нест. Вақте ки кӯдак ба сулфаи хушк гирифтор мешавад, гулӯяш сахт ба хориш медарояд. Ҳар қадар бештар сулфад, хориш ҳамон андоза зиёдтар шуда, кӯдак қариб нафасгир мешавад. Дар натиҷа бо ҳар хурӯҷи сулфа илтиҳоби пардаҳои луобии гулӯ бештар шуда, ҳолати кӯдак торафт вазнинтар шудан мегирад. Дар ин ҳолат модарон ба  кӯдак  бояд тез-тез шири гарми бо маскаю асал омехта диҳанд.

Барои пешгирӣ намудани сулфа ҷисми худро обутоб дода, аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, бо намакоб даҳонро чайқонидан зарур аст. Ҳамзамон пӯшидани ниқоб ва шустани дастонро фаромӯш накунед. Аз рӯи тавсияи табиб дорувориҳои зиддивирусиро истеъмол намуда, ҷараёни табобатро тезонидан мумкин аст. Бо мақсади пешгирӣ аз сулфа ҳамарӯза ҳавои утоқҳои худро тоза карда, бо латтаи тар ҷиҳози хонаро пок ва рубӯчин намоед.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад