Омили объективии норасоии неруи барқ ва зарурати дарку таҳаммулпазирӣ. Андешаҳо дар ин маврид

Декабрь 8, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу тағйирёбии иқлим, ки зиёда аз ду даҳсола дар арсаи байналмилалӣ мавриди амал қарор доранд, рӯз аз рӯз мубрамият пайдо менамоянд. Муҳимияти ин масъала дар мисоли вазъи имрӯзаи кам гардидани бориши барфу борон дар баъзе кишварҳои Осиё, бахусус Тоҷикистон ва таъсири манфии он ба рушду пешрафти соҳаҳои гуногун бори дигар собит гардид.

Дар баъзе давлатҳо аз бориши зиёд селу обхезӣ ва дар дигар кишварҳо набудани бориши барфу борон мардумро ба ташвиш андохта, ҳатто баъзе давлатҳо аз норасоии об тасмими кӯчонидани пойтахтро ба дигар минтақа доранд…

Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати аграрӣ-индустриалӣ буда, дар баробари таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ инчунин набудани бориш ба соҳаи энергетикаи мамлакат, ки он яке аз муҳимтарин соҳаҳои рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб мешавад, таъсири ҷиддӣ расонида истодааст. Чунки зиёда аз 95 фоизи истеҳсоли неруи барқ дар мамлакати мо аз манбаъҳои обӣ (НБО) буда, кам гардидани захираҳои обӣ, коҳиш ёфтани ҷоришавии маҷрои об дар рӯдхонаҳо ба иқтидори пурра фаъолият намудани неругоҳҳо ва истеҳсоли неруи барқи зарурӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Норасоии неруи барқ ва зарурати истифодаи самараноки манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба андешаи инҷониб 10 омили объективӣ дорад:

1. Омили асосӣ гармии бесобиқаи тобистон ва бениҳоят кам будани бориш, кам будани захираи барф дар болооби дарёи Вахш ва шохобҳои он — Хингобу Сурхоб маҳсуб мешавад. Вазъият то ҳадде нигаронкунанда аст, ки қариб 4 метри оби обанбори «Норак» истифода шудааст. Ҳамон тавре мутахассисон шарҳ доданд, «ин обанбори таъйиноти яксола буда, барои захираи зимистон аз нуқтаи 857 то 910 метр ҳамагӣ 53 метр имкони ғунҷоиши об вуҷуд дорад. Барои он ки ин захира барои тамоми зимистон басанда бошад, мо бояд аз маҷрои дарё низ, ки ба обанбор мерезад, истифода барем. Агар маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2900 то 3000 метри мукааб дар ҳар сонияро ташкил диҳад, ин нишондод дар зимистон то 400-150 метри мукааб дар ҳар сония кам мешавад».

Ҳамватанонамон бояд дарк намоянд, ки шуруъ аз 6 октябри соли 2025 воридоти об ба обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» аз сабаби набудани бориш кам гардид. Сохторҳои марбута расман низ иттилоъ доданд, ки воридоти об ба обанбор дар моҳҳои октябр-ноябри соли равон 282 метри мукааб сонияро ташкил дод. Ҳол он ки дар ҳамин давраи соли 2024 воридоти об ба обанбор 362 мукааб — сония буд. Ба ибораи дигар, ҳар шабонарӯз ба обанбор 80 метри мукааб- сония кам об ворид гардидааст. Дар шарҳи ин масъала мутахассисон гуфтанд, ки «оби кам воридгардида дар умум 393 984 000 метри мукааб –сония мебошад, ки бо ин миқдор об неругоҳ метавонист 241 920 000 кВт/соат неруи барқ истеҳсол намояд».

2. Дар давраи то истиқлолият тамоми соҳаҳои хоҷагӣ, аз ҷумла таъмини мардум бо неруи барқ мисли занҷира ба роҳ монда шуда, дар фасли тобистону зимистон ин масъала миёни ҷумҳуриҳо танзим карда мешуд. Баъди трансформатсияи ҷамъиятӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (соли 1991) ин занҷираҳо, бахусус интиқоли неруи барқ байни ҷумҳуриҳо канда шуда, ҳар кишварро зарурат пеш омад, то ки мардум ва соҳаҳои иқтисоди миллиашро бо неруи барқи худӣ таъмин намояд. Дар ин давра бар замми мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ, ки давлату Ҳукумат тамоми неруяшро барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ равона намуда буд, неруи барқе, ки дар мамлакати мо истеҳсол мегардид, ҳатто барои истифодаи аҳолӣ кифоя набуд. Дар баъзе минтақаҳо мардум моҳҳои зиёд ҳатто ягон лаҳза барқ надоштанд.

3. Аҳолии мамлакат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 5,3 миллион нафарро ташкил менамуд. Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола то инҷониб афзоиши аҳолии Тоҷикистон тақрибан 2-2,4 фоизро ташкил намуда, қариб ба 11 миллион нафар расидааст, ки дар навбати худ талаботро ба неруи барқ низ зиёд менамояд. Тибқи маълумоти оморӣ, агар ҳаҷми истеҳсол ва истифодаи неруи барқ дар мамлакат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (соли 1992) 17 миллиард киловатт/ соат бошад, соли 2024 ин рақам ба 22,4 миллиард киловатт/соат расидааст, ки бо назардошти зиёда аз 5 миллиард киловатт/соат афзоиш ёфтани он барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти мамлакат басанда нест.

4. Баъд аз имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ва таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ аз солҳои 2000-ум инҷониб давлату Ҳукумат ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва зина ба зина беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум оғоз намуда, расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд. Чунки дар баробари қонеъ намудани эҳтиёҷоти афзояндаи аҳолӣ, инчунин барои рушди соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди соҳаи саноат ва дар ин замина сохта, ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолӣ неруи барқ зарур аст.

5. Неругоҳҳои амалкунандаи мамлакат, ки дар даврони то истиқлолият сохта шуда буданд, бо иқтидори пурра фаъолият накарда, бо истифодаи солҳои зиёд ба таъмир ва навсозӣ ниёз доштанд. Аксари ин неругоҳҳо солҳои охир бо ҷалби маблағҳои зиёд аз ҷониби Ҳукумат аз сари нав таъмир гардиданд ва ин раванди таъмиру навсозӣ дар дигар неругоҳҳо идома дорад. Лоиҳаҳои «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» ва «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» аз ҳамон ҷумлаанд.

6. Дар баробари афзоиши аҳолӣ дар мамлакат инфрасохтори гуногун барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва хизматрасонӣ сохта мешавад. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд, ки барои фаъолияти онҳо низ неруи барқ истифода мегардад.

7. Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, давлату Ҳукумат тасмим гирифтаанд, ки тавассути ба роҳ мондани самаранокии ин ҳадафи стратегӣ барои таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, коҳиши нархҳо дар бозори дохилӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, содироти маҳсулоти рақобатпазир, манбаъҳои иловагии андоз ба буҷаи давлат ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, дар ин замина сатҳи иҷтимоиёти аҳолиро баланд бардорад. Ин масъалаҳо дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз афзалият буда, рушди дарозмуддати кишварро таъмин менамоянд. Вале саноатикунонии босуръатро (сохтмони коргоҳу корхона ва заводу фабрика) мо бе манбаъҳои энергетикӣ ва неруи барқ татбиқ карда наметавонем. Ҳукумати мамлакат дар доираи имконияти маҳдуд кӯшиш дорад, ки зина ба зина истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тозаро афзоиш дода, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегӣ аз ҳама имконият самаранок истифода намояд.

8. Рушду пешрафти дилхоҳ давлат аз мавқеи ҷойгиршавӣ, релеф, захираҳои табиӣ (хусусан нафту газ), доштани бандари обӣ барои мубодилаи молу коло дар бозорҳои ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии ҳамсоякишварҳо ва сармоягузориҳои хориҷӣ вобастагии зич дорад. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор (93%) буда, релефи ноҳамвор дорад. Набудани захираи кофии нафту газ, бандари обӣ ва вазъи ноороми Афғонистон (1400 км марз) ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад. Чунин вазъ барои ҷалби васеи сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, бахусус барои ба кор андохтани иқтидори мавҷудаи соҳаи гидроэнергетика бетаъсир намемонад.

9. Гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба ҳам вобастагии зич доранд. Бори аввал моҳи августи соли 1981 олимони иқлимшинос дар бораи хатари гармшавии иқлим бонги изтироб зада буданд. Дар он айём олимон сабаби асосии гармшавии глобалии сайёраро дар афзоиши газҳои гулхонаӣ (парникӣ) дар атмосфера медонистанд. Баъдтар омилҳои дигар, аз қабили тӯфони электромагнитӣ, ифлосшавии сатҳи манбаъҳои об, афзоиши масоҳати хатҳои баландшиддати барқ низ ба ин фарзия илова гардиданд. Сабаби дигари босуръат обшавии пиряхҳо афзудани хокбориш (шамоли серчангу ғубор) мебошад. Солҳои охир дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бинобар камборонӣ зуд-зуд хокбориш ба назар мерасад. Шамол омехтаи чангу ғубори намакинро аз майдони хушкшудаи баҳри Арал ба масофаи 800-1000 километр мебарад. Таҳшиншавии чангу ғубор дар болои пиряхҳо боиси ифлосшавӣ ва боз ҳам тезтар обшавии онҳо мегардад.

Сабаби дигари тағйирёбии иқлим ва дар ин замина ба миён омадани хушксолӣ, селу обхезӣ, аз маҷрои худ берун баромадани оби рўдхонаҳо ва дигар ҳодисаҳои техногенӣ, пеш аз ҳама, аз таъсири бештари инсон ба табиат рух медиҳад. Ҳоло давлатҳое, ки дар рушди иқтисодияшон (дар соҳаи саноат) аз манбаъҳои нафту газу ангишт истифода менамоянд, партовҳои хеле зиёдро ба атмосфера ба вуҷуд меоранд. Дар ин росто, кишварҳое бештар осебпазир мебошанд, ки релефи ноҳамвор доранд. Тоҷикистон, ки аксаран кӯҳсор аст, аз ин раванд ҳамасола зарари зиёди иқтисодӣ мебинад. Саҳми давлати мо аз рӯйи меъёри партовҳои гази гулхонаӣ дар ҷаҳон ночиз аст, чунки аксари корхонаҳои саноатӣ бо неруи аз лиҳози экологӣ тоза фаъолият менамоянд.

Ё худ тавре дар гузориши чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Тоҷикистон нишондоди сатҳи канории партобҳои газҳои гулхонаиро то соли 2030 дар сатҳи 21,32–24,87 миллион тоннаи эквиваленти CO2 ва то соли 2050 дар сатҳи 1,9 то 2,2 миллион тоннаи эквиваленти CO2 ба ҳар сари аҳолӣ пешбинӣ намудааст.

10. Яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ин гузаштан ба иқтисоди «сабз» ва ба ин васила саҳм гузоштан дар пешгирии тағйирёбии иқлими сайёра маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин, дар арсаи байналмилалӣ якчанд санаду созишномаҳо, аз қабили «Созишномаи Париж оид ба иқлим» (12 декабри соли 2015) қабул гардидааст, ки уҳдадориҳои кишварҳоро дар ин раванд муайяну мушаххас намудааст. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, зери чанде аз ин созишномаҳо имзо гузошта, ҷиҳати гузариш ба иқтисоди «сабз» «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»- ро қабул намудааст. Аз ҷумла тавре дар ин стратегия таъкид мегардад, раванди гузариш ба иқтисоди «сабз» дар доираи Созишномаи Париж оид ба иқлим», ки 12 декабри соли 2015 дар Ҳамоиш (Саммит) оид ба тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, устувор гардида, тибқи ин созишнома аз ҷониби давлатҳои мутараққӣ ҷудо кардани 100 миллиард доллар барои ҳалли муаммоҳои экологӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешбарандаи иқтисоди «сабз» муайян шудааст.

Дар баробари ин фаъолияти Муассисаи ҷаҳонии рушди сабз (GGGI, ки зимни Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор дар доираи Рио+20 таъсис ёфтааст) барои суръат бахшидани гузариши кишварҳо ба рушди «сабз» — рушди аз ҷиҳати экологӣ устувор ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарогир ба роҳ монда шудааст. Тақвияти талабот ба раванди ҷорӣ намудани иқтисоди «сабз» бештар бо дар назар доштани буҳронҳои иқлимӣ, экологӣ, озуқаворӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ, ки солҳои охир ҷаҳон ба онҳо рӯ ба рӯ шуда истодааст, марбут аст.

Вобаста ба ин, иқтисоди «сабз» раванди рушди устувор мебошад ва ҳадафи асосии он таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва мувозинати экологӣ дар давраи дарозмуддат буда, истифодаи самараноки захираҳои табииро таъмин менамояд. Ҳамзамон иқтисоди «сабз» фаъолияти иқтисодиест, ки бо истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳо ва хизматрасониҳо алоқаманд буда, некуаҳволии мардум ва нигоҳдории сармояи табииро барои давраи дарозмуҳлат таъмин менамояд.

Ҳудуди Тоҷикистони муосир дорои захираҳо ва имконияти зиёд барои рушди иқтисоди «сабз» буда, аз кӯҳҳои баланд, табиати нотакрор, обҳои мусаффо ва манбаъҳои барқароршаванда иборат мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 64 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, неруи барқ дар мамлакат асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад. Дар ин раванд гидроэнергетика манбаи асосии таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ бо энергия мебошад, зеро неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обӣ ҳосил мегардад ва ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мақоми асосӣ дорад.

Тоҷикистон дорои иқтидори истеҳсоли 527 миллиард кВт/соат қувваи барқ дар як сол буда, дар айни замон ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидор аз худ карда шудаанд. Илова бар ин, иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280–330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2 000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад. Ин дар қиёс бо кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад.

Тибқи арзёбии коршиносон, иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 миллиард кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10–20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60–80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақалл давоми 10 моҳ дар як сол дар тамоми ҳудуди кишвар қонеъ гардонида метавонад.

Дар ин раванд бо андешидани тадбирҳои мушаххасу муассир дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад бо истифода аз иқтидори тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол намояд ва ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа табдил ёбад. Инчунин Тоҷикистон дорои имконияти рушди кишоварзии органикӣ, инфрасохтору нақлиёти барқӣ ва савдои «сабз» бо дар назар доштани талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳадафи стратегии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад. Зеро рушди иқтисоди «сабз» дар пайвастагӣ бо ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хуш мусоидати фаъол менамояд.

Хулоса, омилҳои матраҳшуда ва далелҳои мушаххаси овардашуда бозгӯйи онанд, ки норасоии муваққатӣ ва мавсимии неруи барқ дар мамлакат сабабҳои муайяну мушаххаси табиӣ дошта, аз касе ё чизе вобаста намебошад. Табиист, ки афзудани талабот ба ин ё он чиз, аз ҷумла ба қувваи барқ ба таври худкор камчинии онро ба вуҷуд меорад (дар ҳоле ки ин чиз бо сабаби тағйирёбии иқлим рӯй додааст) ва дар ин раванд андешидани тадбирҳои дурусту самаранок метавонад роҳи онро бигирад.

Аз ин рӯ, андешаи солим доштан дар ин бора ва назари холисонаву мантиқона баён кардан ягона хизмат ё кумаки шаҳрвандиест, ки кас метавонад бо ин роҳ зеҳнҳоро аз андешаи норавшан, гирифторӣ ва вобастагӣ ба андешаҳои ғаразноки нотавонбинони давлату Ҳукумати Тоҷикистон раҳо кунад ва ба сўи шинохти дурусти воқеият раҳнамоӣ намояд.

Пас, заруру ногузир аст, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос бояд ба ҳолати баамаломада на аз рӯйи эҳсосоти ноҷову ношоиста, гуфтаҳои бемантиқу беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ашхоси ҳасуду нотавонбин, навиштаҳои ғаразнок, андешаҳои ғайриҳирфавӣ ва ғайримантиқӣ, балки аз рӯйи дуруст омӯхтани вазъияту ҳолат, далелу рақамҳои аз ҷониби сохторҳои марбута пешниҳодгардида, омилҳои объективӣ ва навиштаҳои коршиносон баҳо диҳем, хулосаи мунсифона барорем ва дар бартараф намудани вазъият саҳм гузорем.

Абдураҳим ШОҲИЁН,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои иқтисодӣ

Декабрь 8, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфа нишонаи дигар бемориҳо низ мебошад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР. Андешаҳои вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба таъсиси ҳизб
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
ФАРМОНЕ, КИ БОИС БА САОДАТИ ЗАНОН ГАРДИД. Андешаҳо дар мавриди он ки ҳуқуқи зан ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад
Кордсоз Бахтиёр Мирзоев: «Кордҳои Истаравшан шакл, таносуб, нақш ва усули коркарди ба худ хос доранд»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бо фаро расидани фасли зимистон бемориҳои мавсимӣ авҷи бештар мегиранд
ХӮРОКҲОИ ТОҶИКӢ БА ФАСЛҲОИ СОЛ МУВОФИҚАНД. Истеъмоли кадом таом дар фасли зимистон муфид аст?