Паёми Президенти Тоҷикистон навиди фарҳангсоз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст
ДУШАНБЕ, 28.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати барномавӣ ва стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ чун ҳамеша тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайра вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз масъалаҳои хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда оид ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудаанд. Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳар сокини мамлакатро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад.
Пешвои муаззами миллат перомуни сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, фарҳангро омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат зимнан таъкид намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ иқдоми зиёд амалӣ мегардад. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо — ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Ин иқдоми Пешвои миллат ба хотири баланд бардоштани маънавиёти наврасону ҷавонон, ки ояндасозони миллати хеш мебошад, гирифта шуд. Инчунин бо дастури Роҳбари давлат барои баланд бардоштани арзишҳои маънавии ҷомеа 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон» –и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Ташаббусҳои Тоҷикистон бевосита дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф -ЮНЕСКО ба таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон равона мебошанд.
Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки соли равон бо саъю талошҳои Тоҷикистон 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Сарвари давлат ёдрас шуданд, ки барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ, ки саҳми таърихияш дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ бузург аст, тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин шахсият дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ- дар замони давлатдории Сосониён зиндагонӣ кардааст. Ӯ аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст. Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони неки мо- ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо, тоҷикон мебошад.
Бояд иброз намуд, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмиллалӣ Наврӯз бунёд ва ташкил карда мешаванд. Ин иқдоми неки Пешвои миллат далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсола доштани мо – тоҷикон мебошад.
Ҳамчунин ба рушди соҳаи фарҳанг, ки таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида мебошад, таваҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин давра оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва монанди инҳо эҳё гардиданд.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик мебошад. Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Дар ин росто, мо, зиёиёнро зарур аст, ки ҳар нуктаи дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъат беш аз ҳарвақта саъю талош намоем.
Суҳроб ЗОКИРЗОДА,
устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
номзади илмҳои фалсафа








ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд






