Паёми Президенти Тоҷикистон стратегияи комили давлатӣ барои солҳои минбаъда мебошад

Декабрь 18, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун асари боарзиши илмӣ фарогири ҳама самтҳои асосии мамлакат нисбат ба ҳолати кунунии пешрафтҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббусҳои созанда, натиҷаю дастовардҳо ва масъалагузориҳо барои оянда буда, бори дигар аҳли илму адаб, бахусус зиёиён ва ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро барои расидан ба зиндагии шоиста водор менамояд.

— Воқеан, масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, барои расидан ба сулҳ, пешрафт ва эмин нигоҳ доштани сайёра барои наслҳои оянда қобили омӯзиш мебошанд.

Аз таҳлили қисмати аввали Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки Тоҷикистон барои расидан ба сулҳу субот- ҳам дар кишвар ва ҳам дар сатҳи минтақа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Масъалаи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки давоми беш аз як аср мавриди баҳс қарор дошт, ҳалли худро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва роҳбарони кишварҳои Қирғизистон ва Узбекистон дар соли 2025 дар доираи «Дӯстии абад» ёфт.

Илова бар ин, қабули қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ», ки 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, пешгирӣ аз даргириҳои эҳтимолӣ байни давлатҳо вобаста ба истифодаи сарватҳои табиӣ ва махсусан, норасоии об ба шумор меравад. Ташаббусҳои мазкур агар аз як ҷониб ба ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар, низоъҳои эҳтимолиро дар пайи кам гардидани об дар минтақаи дарёҳои сарҳадгузар пешгирӣ мекунанд.

Нақши криосфера дар муътадил нигоҳ доштани ҳарорати замин, пиряхҳо ва барф аз нурҳои офтобӣ хеле зиёд аст. Чунонки мо шоҳидем, таназзулёбии босуръати пиряхҳо имрӯз дар саросари ҷаҳон ба буҳрони глобалии замони муосир табдил ёфта, барои ояндаи босуботи башарият ва рушди устувор нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ин нуқтаи назар, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҳифзи обу иқлим ва пайомадҳои ногувори он, ки барои аҳли башар аҳамияти стратегӣ дорад, диққати хосса зоҳир гардид. Дар ин росто ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар сохторҳои худ бо назардошти омӯзиши минбаъдаи пиряхҳо ва криосфера тағйирот ворид намуда, фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшанд.

Нуктаи дигаре, ки ба таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли сайёра равона гардида, ҳам муҳим ва ҳам боиси ифтихори мост, ин аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» мебошад.

Ин иқдом боиси ифтихори бузург аст, зеро аз номи Роҳбари Тоҷикистон ҳамчун шахсият ва арбоби сиёсии сулҳхоҳ, сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст.

Сулҳу субот дар натиҷаи соҳиби маърифати баланди ҳуқуқӣ будан ба даст меояд, аз ин рӯ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки «агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад».

Ин ҳама дастовардҳо на танҳо саҳми арзандаи давлати моро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, балки далели равшани онанд, ки миллати тоҷик тарафдори сулҳ буда, овози худро дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дорад. Ин ҳама ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба адолат, сулҳ ва рушди устувор вобаста аст.

Ин ташаббусҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар кору пайкори фарзонафарзанди миллат маҳз сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ваҳдату ягонагӣ, зиндагии шоиста ва пешрафту шукуфоӣ дар мадди аввал қарор дорад.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масоил ва мушкилоти соҳаи маориф бори дигар ҳадафмандона таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид карданд, ки «ман аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям». Аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо ва танҳо маориф метавонад давлатро рушду миллатро наҷот диҳад ва таъриху тамаддунро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Сарвари давлат вазъу ҳолати илму маорифи ватаниро дар солҳои 90-уми асри гузашта, ки бо сар задани воқеаҳои фоҷиабор даҳҳо сол ба ақиб партофта шуд, мавриди таҳлили қиёсӣ қарор доданд. Дар ин самт вобаста ба ниёзи аҳли ҷомеа, пешрафти илму техника, тараққиёт, истифодаи самараноки обу энергетика зарурати омӯзиши манбаъҳои мамлакат ба миён омадааст. Аз ин рӯ, тибқи дурнамо омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳими илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати минбаъдаи давлати мо мебошад.

Президенти Тоҷикистон ҳамзамон бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза изҳор намуданд, ки дар чунин шароит эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот муҳим аст. Тавре ки мегӯянд, «забон донӣ — ҷаҳон донӣ!». Нуктаи мазкур дар паёмҳои қаблӣ ишора гардида бошад ҳам, он рӯз то рӯз моҳияти хосса касб намуда, таваҷҷуҳи давлату ҳукуматро бештар ҷалб менамояд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид гардид, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Нуктаи дигари муҳиме, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои ояндаи миллату давлат равона гардида буд, муҳайё намудани шароиту имконот барои наврасону кӯдакон мебошад. Ба андешаи инҷониб, агар кӯдакон пурра ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда шаванд, пас аз чанд сол мушкилоти имрӯза, аз қабили хурофоту ифротгароӣ ба таври мукаммал аз байн меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки он кишварҳое, ки таваҷҷуҳи худро ба насли наврас, махсусан ба зинаи таҳсилоти томактабӣ равона кардаанд, имрӯзҳо аз дар самти рақамикунонӣ ва ихтироъкорӣ пеш рафтаанд. Дар он давлатҳо амалан хурофоту ифротгароӣ аз байн рафтааст. Мавҷудияти хурофот ва ифротгароӣ хатар ба амнияти давлату миллат буда, бақои онро зери суол мебарад. Вобаста ба ин Пешвои миллат дақиқан таъкид намуданд, ки «фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».

Воқеан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти дурандеш, ояндабин ва нуқтасанҷ буда, тақдири миллату давлатро барои солҳои минбаъда пешгӯйӣ ва барои ҳалли онҳо заминаҳои устувор мегузоранд. Дар ҷое мефармоянд: «Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд».

Аз дидгоҳи Сарвари давлат барои дарки оянда ва зиндагии шоиста бояд аз аслу нажод, миллату фарҳанг ва таъриху тамаддуни ҳазорсолаамон бохабар бошем. Дар ин самт хизматҳои мондагори Пешвои миллат, махсусан тақдими ройгони 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадон хизмати бузургу мондагорест, ки дар ягон солу замон аз ҷониби ягон роҳбари дунё ба амал наомадааст.

Воқеан, эътиқоду эҳтироми Пешвои миллат ба масоилу ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, дохил намудани онҳо ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО гувоҳи он аст, ки таъриху тамаддун ва осоир гузаштагони илму адабро ҳифз ва арҷгузорӣ менамоянд ва ин Ватану ин сарзаминро ба мисли гавҳараки чашм азиз нигоҳ медоранд.

Аз ин ҷост, ки бо дастури Пешвои миллат барои дар пойтахти мамлакат бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дастур дода шуд. Аз баромадҳои қаблӣ ва суҳбатҳои Сарвари давлат борҳо фаҳмидаем, ки мегӯянд: «Мо ориёнажод ҳастем». Ҳанӯз 20 сол муқаддам, яъне соли 2006 дар мамлакат «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гардид ва дар ин замина корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Сарвари давлат ҳадафи асосии таҷлили Соли тамаддуни ориёро танҳо як назари тозаву холисона ба фарҳанги қадимии миллати худ ва кӯшиши ошноии амиқ бо решаҳои таърих ва тамаддуни гузаштагонамон арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон мақолаи Пешвои миллат зери унвони «Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расида буд, ки идомаи мақолаи қаблии «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» маҳсуб мешуд. Баъдан китоби дигари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Аз Ориён то Сомониён» аз силсилаи китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки он рӯзҳо аз чоп баромад, туҳфаи сазовору гаронмояи Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи тантанаҳои пурифтихори миллӣ буд. Дар он асар ба саволҳои «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд?» ва ба дигар саволҳои зиёди оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо посухҳои дақиқу илман асоснок метавон пайдо кард. Воқеан, мо ҳангоми мутолиаи тамоми осори Пешвои миллат аз тоҷик будану фарҳанги оламшумул доштанамон ифтихор мекунем.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон ба масъалаҳои саноатикунонӣ, аграрӣ, фарҳанг, сиёсат, тандурустию беҳдоштӣ, обу иқлим, самаранок истифода намудани қувваи барқ, дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва дигар соҳаю самтҳо дастуру супоришҳо, тавсияҳо ва насиҳатҳои падарона дода шуданд. Дар бахши хулосавии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва стратегии давлат ва Ҳукумат таъкид гардид, ки «мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Хулоса, он чи ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гуфта шуд, стратегияи комили давлатӣ на танҳо барои як сол, балки барои солҳои минбаъда низ мебошад. Ин дастуру супоришҳо мо, кормандони соҳаи маорифро муваззаф месозанд, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли нав дар ҳифзи манофеи миллӣ, таҳкими сулҳу суботи давлати дунявӣ, омӯхтани забонҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳа бо истифодаи усулҳои навтарини омӯзиш, махсусан рақамикунонии низоми такмили ихтисос қадамҳои устувор гузорем ва тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат зиндагии шоиста ба роҳ монем.

Наврӯз МИРЗОЗОДА,
ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Декабрь 18, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамои зиндагии шоиста
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-МАНИФЕСТИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Андешаҳо дар ин маврид
РАҚАМИКУНОНӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ — МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ XXI
Дар Тоҷикистон қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия мегардад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – саҳифаи нави рушди арзишҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маърифатӣ
НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид