Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд муҳтарам Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон дар Шоҳигарии Тайиланд бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвар боиси андӯҳи бепоёни инҷониб гардид.
Дар иртибот ба оқибатҳои харобиовари ин офати табиӣ ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Тайиланд ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям.
Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».








Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз






