Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Гурӯҳи байнипарлумониро дар таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, илм ва маориф, нақлиёт, кишоварзӣ ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси технопаркҳо, дастгирии бизнес-инкубаторҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи IT таваҷҷуҳ намуданд.
Соҳаи гуманитарӣ бахши муҳимми ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуд.
Масъалаҳои рушди табодули фарҳангӣ ва зиёд кардани квотаҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон, инчунин, тавсеаи давраҳои омӯзишӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.









Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд






