Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд

Декабрь 18, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 24 декабр дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар  барномаи рангини консертӣ  таронаю оҳангҳои  миллӣ пешниҳод мегарданд.

17 декабр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд байни муассисаҳои таълимӣ барои рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи фарҳангу санъат, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори назар намуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст