Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Декабрь 2, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш ба Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ» маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадрро дар майдони Дӯстӣ раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ Маҷлили Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазиранд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид